Роҳнамое барои китобдорон
Нерўи ақлии инсон ҳамвора дар ташаккул аст ва дар ин росто мақому манзалати китоб баланд буду пеш меравад. Ҳар ҷомеае, ки ба китоб такя мекунад, дорои ояндаи пирузу комёбиҳо мебошад. Ҳоло китобу китобшиносӣ ба сифати илм пазируфта мешавад. Аз замони соҳибистиқлолии кишвар 26 сол сипарӣ шуда бошад ҳам аз ҷониби олимону мутахассисон зери ғамхории пайваста Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилиҳои соҳаи китобдорӣ, библиографияшиносӣ тоҷик аз ҷумла ташаккули заминаи меъёриву ҳуқуқӣ, таҳияи консепсияҳо, барномаҳо рушд ва маводи илмию таълимӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Саҳми устодони варзида Раҳимҷон Шарофзода, Ҷураев Ислом Акрамович, Раҳимов Абдураҳим, Шерматов Ҷелмат, Сафар Сулаймонӣ, Комилзода Шариф, Муҳиддинов Сайидалӣ, Холов Бозорбой, Шосаидов Сафар, Маҳмудов Гадобек, Ғуломзода Қурбон, Буриев Қурбон ва дигарон дар бунёди мактаби китобдории тоҷик бузург аст.
Истиқлолият ба души олимону мутахассисони соҳа вазифаи муқаддаси мутобиқнамоии фаъолияти китобдории тоҷик ба замони муосирро гузоштааст, ки тибқи он масоили мавҷуда бо тақозои дигаргуниҳои ҳаёти иҷтимоӣ–иқтисодӣ, фарҳангӣ, вазъи илму маориф, тараққиёти техника, технологияи муосири иттилоотӣ ва раванду тамоюлҳои вобастагии қавӣ дорад. Аз ин рў, ҳалли мусбати ин мушкилот на танҳо ояндаи соҳаи китобдориро таъмин хоҳад кард, балки он ҳамчун муҳаррик ба рушди тамоми соҳаҳои илмиву амалии ҷумҳурӣ таъсири хешро хоҳад расонид. Тавре, ки мушоҳидаву назарсанҷиҳо нишон медиҳанд силсиламаҷмўаи интишорёфтаи «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон» барои амиқомўзии фанҳои тахассусӣ ва таҳқиқи масоили мубрами соҳаи китобдорӣ ба донишҷуёну омўзгорон, муҳаққиқону мутахассисони соҳа дар фаъолияти ҳамарўзаи омўзишию таълимӣ ва эҷодиашон мусоидат менамояд.
Шумораи шашуми маҷмўаи «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон» аз пешгуфтор ва ҳафт фасл иборат аст. Маҳаки асосии интихоби мақолаҳо дар маҷмўа муҳиммияти мавзўи мавриди таҳқиқ барои рушди минбаъдаи назария ва амалияи китобдорӣ ва ҳамзамон манзури мутахассисон гаронидани на танҳо осори олимону муҳаққиқони шинохта, инчунин мутахассисони ҷавоне, ки нав қадам ба кори таҳқиқотӣ гузоштаанд мебошад ва дар дохили ҳар фасл мақолаҳо тибқи моҳияти илмиву амалии он ҷо ба ҷо гузошта шудааст.
Дар фасли аввали маҷмўа мақолаҳои олимону мутахассисони соҳа оид ба масъалаи муҳимми замони муосир «Фаъолияти инниватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ» манзур гардонида шудааст, ки матолиби илмӣ ва амалӣ нисбат ба ҳаллу фасли масоили мавҷудаи раванди инноватсионӣ дар китобхонаҳои кишварро мунъакис гардонидааст. Фасли дуюми маҷмўа ба масоили «Китобшиносӣ» бахшида шуда, оид ба масъалаҳои китобу китобшиносӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва узвият ва таъминоти рақами меъёрҳои ҷаҳонӣ ба китобҳои тозанашри матбаа ва нашриётҳои ватанӣ, мушкилоти шомилшавӣ ба нашрияҳои давомдор ва ғайраро мавриди баррасӣ ва манзур қарор додаст.
Дар фасли сеюми маҷмўа «Китобхонашиносӣ» масъалаҳои мутобиқнамоии фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилалӣ, дастовардҳои соҳа дар замони истиқлолият, ваъзи таҳсилоти китобдорӣ, таърихи китобхонаҳо, саҳми муассисаҳои ҷудогона дар таҳкими соҳаи китобдорӣ, бозомўзӣ ва такмили ихтисос, фаъолияти иттилоотию хадамотӣ, илмӣ- таҳқиқотӣ, риояи этикаи китобдорӣ ва ғайра манзур гардидааст.
Фасли чоруми маҷмўа «Библиографияшиносӣ» унвон дошта, мақолаҳои гуногуни олимон ва мутахассисони библиографияшиносиро фаро гирифтааст.
Фасли панҷум «Чеҳранигорӣ», асосан, ба муаррифии ҳаёт ва эҷодиёти олимони соҳаи китобдории тоҷик, мавқеъ ва самти онҳо дар рушди камолоти илму амалияи китобдорӣ бахшида шудааст.
Дар фасли шашум « Роҳовард» оид ба масоили рушди матуботи дар замони Ваҳдатӣ миллӣ ва истиқрори сулҳ, мавқеи хониши дар ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва монеаҳои мавҷудаи он бахшида шудааст.
Ва ниҳоят фасли ҳафтуми маҷмўа «Тақризҳо» фарогири чор тақриз бахшида ба нишондиҳандаҳои библиографӣ ва дастури таълимӣ барои мактабҳои олӣ манзури хонанда мегарданд. Маҷмўа дар раванди омўзишу барраси масъалаҳои марбут ба фаъолияти китобдорӣ ба олимону мутахассисон, омўзгорону донишҷуён ва унвонҷуён кўмак хоҳад кард.
Шумо метавонед ин маҷмўаи мақолаҳои мазкурро аз Китобхонаи Миллии Тоҷикистон дастрас намоед.
Валиев Ҷамил,
корманди шуъбаи
нигаҳдори китоб