Чопи аввалин осорномаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо
Нашр шуд 2017-08-24 11:07
Осорномаи Нависандаи халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рўдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо ба чоп расид. Ин аввалин иқдом дар интишори номгӯи осори адиби хушнависи тоҷик аст, ки бо ибтикори Ҷ. Раҷабов, Ю. Мўсоев (мураттибон); пажўҳши библиографии П. Қадимова, У. Раҷбова, П. Раҷабова; Ш. Солеҳов (муҳаррир); М. Каримов (муҳаррири масъул) дар чопхонаи Сомон-граф интишор ёфт.
Чопи осорнома бо дастгирии молиявии Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбубаи Саидзод муяссар шудааст.
Кароматуллоҳи Мирзо аз зумраи маъруфтарин адибони кишвар аст, ки ҳикоя ва қиссаю романҳои хонданиаш ўро ба ҳайси яке аз шогирдони муваффақи мактаби нигорандагии устод Айнӣ ва давомдиҳандаи эҷоди Сотим Улуғзодаю Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигар устодони насри муосири тоҷик шуҳратёр намуданд.
Кароматуллоҳи Мирзо дар давоми фаъолияти эҷодиаш беш аз бист китоби алоҳида – маҷмўаҳо интишор кардаст, ки дар онҳо роману повест ва ҳикояҳояш гирд оварда шудаанд.
Дар ин китобнома мураттибон кўшиш ба харҷ додаанд, ки навиштаҳои нависандаро бори дигар манзури хонандаи тоҷик гардонанд ва ҳар як фарди бомаърифат аз онҳо баҳрбардорӣ кунад.
Дар аввал дастур мавод нисбати фаъолияти эҷодии Кароматуллоҳи Мирзо ва аз навиштаҳои адиб бобати тарҷумаи ҳолаш оварда шудааст. Баъдан нигоштаҳои адибонро дар бораи эҷоди Карматуллоҳи Мирзо гирдоварӣ шудааст, ки онҳо барои кушодани мазмуну мундариҷаи асарҳои адиб мусоидат мекунанд.
Дар қисмати дигари осорнома рўйхати асарҳои нависанда пешкаш шуда ва онҳо ба тариқи солшуморӣ (хронологӣ) ва дар дохил ба тарзи алифбоӣ ҷойгир карда шуданд. Барои омўхтани эҷоиёти серҷабҳаи адиб қисмати «Адабиёт дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Кароматуллоҳи Мирзо» хизмат мекунад.
Кумакфеҳристҳои ёрирасони алифбоии номгўи асарҳои адиб ва ашхос барои ҷустуҷўи фаврии мавод хизмат мекунанд.
Дар китобнома аксҳои адибро ҷой дода шудаанд, ки онҳо барои шиносоӣ бо дўстону наздикон ва шахсиятҳои бузурги кишвар ва хориҷ имкон медиҳад.
Ҷамшед Қурбонов,
Сармутахассиси Маркази
такмили ихтисос