Ҷаласаи навбатии Шӯрои бонувон дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-07-11 16:31
Ҷаласаи Шӯрои бонувони Китобхонаи миллӣ, ки рӯзи 8-уми июли соли равон баргузор шуд, аслан масъалаи риояи Қонун “Дар бораи танзими расму анъана ва маросимҳо дар Ҷумҳури Тоҷикистон”-ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ширкаткунандагон иброз доштанд, ки ин Қонун сабабгори он шудааст, ки мардум аз исрофи беҳуда даст бардоранд ва сармояи хонаводагиро на ба баргузории тӯю маъракаҳои пурдабдаба, балки ба некуаҳволии оилаҳои худ ва таълиму тадриси фарзандонашон масраф кунанд.
Қонуни танзим аз ҷумлаи тадбирҳои амалии Ҳукуумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҳам риояи расму русум ва урфу одатҳои милливу мазҳабӣ ва ҳам ҷилавгирӣ аз хурофот, масрафоти баҳудаву беҳуда, роҳ надодан ба ифрот дар тӯю маъракаҳо мебошад.
Риояи ин Қонун худ ба манфиати мардум аст, то бо ин васила бештар ба таълиму тарбияи фарзандонашон таваҷҷуҳ кунанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масоиле аз қабили риояи интизоми корӣ, одобу муошират, муносибати муносибу дӯстона ва рафиқона миёни кормандон низ баҳс шуд.
Дар бахши дигари ҷаласа ҳайати нави Шӯрои бонувон муаррифӣ ва тасдиқ шуд.
Фарзонаи МИРЗО