Ободонии рӯзи шанбе: омодагӣ ба ду ҷашн
Нашр шуд 2017-06-24 16:11
Дар ободонии имрӯз кормандони Китобхона як теппаи хокиро дар ҳотаи китобхона ҳамвор карданд ва рӯзҳои дигар қарор аст он ба сабзазори нав табдил шавад. Гуруҳи дигари кормандон ба гулҳову сабзаҳо об монданд, ҷӯйборҳоро аз хасрӯбаҳои тоза карданд.
Ободонии имрӯза дар остонаи ду ид сурат мегирад. Яке иди Фитр аст, ки рӯзи душанбе таҷлил мешавад ва дуюмӣ иди Ваҳдати миллист, ки рӯзи сешанбе бо барномаҳои зиёди тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад.
Китобхонаи миллӣ дар маркази пойтахт ҷойгир шудааст ва маъмулан дар рӯзҳои ид одамони зиёде, ки ба Боғи устод Рӯдакӣ меоянд, аз назди он убур мекунанд.
Ин буд, ки кормандони Китобхонаи миллӣ бори дигар гирду навоҳи биноро тоза карданд ва хасу харӯбаҳоро берун бурданд.