Дарси занбурӯғ дар “Дастони моҳир”
Нашр шуд 2017-06-15 18:52
Чун анъана дар барномаи «Дастони моҳир» ин навбат бачагон хоҳиши омода намудани замбуруғҳоро карданд. Чун талабу дархости хонандагони шуъбаро ба назар гирифта, ин мавзуъро дар миён гузоштанд.
Дар оғоз чун ҳамеша дар бораи занбурӯғҳо маълумот доданд ва гуфтанд, ки онҳо кай дар куҷо ва чаро мерӯянд. Онҳо ба инсон чӣ аҳамияте доранд ва ҳадди шифобахшии онҳо то куҷост.
Ба бачаҳо гуфтанд, ки занбурўғ дар фасли баҳор, дар кўҳу ҷангал баъди боридани борони баҳорӣ ва раъду барқ мерўяд. Занбурўғҳо бе заҳр, хўрданбоб ва заҳрнок мешаванд. Инчунин занбурӯғҳоро дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ бо номҳои қўзақандӣ, чағора, қорҷ, хоч, телпаки мор ва дигар номҳо ёд мекунанд.
Сипас, бачагон ба омода намудани занбурӯғҳо пардохтанд. Сарравал аз таннааш оғоз краданд, баъд чашмонашро буриданд, қошу даҳон сохтанд. Дар охир мураббиён ба кори ҳар кадоми онҳо баҳо доданд.
Қарор аст дар дасрҳои оянда ба хонандагон тарзи тайёр намудани рустаниҳои дигар ва меваву сабзавотро ҳам омӯзанд.
Латофат Кенҷаева
ЗАНБУРӮҒ
Каллача, ё саллача?
Саллача, ё калача?
Кӣ соҳиби саллача?
Кӣ соҳиби калача?
Соҳиби ин калача,
Соҳиби ин саллача.
Дар пуштаву баландӣ,
Баҳору Қўзақандӣ!