Баргузории маҳфили навбатии «Равшандилон»
Нашр шуд 2017-03-01 11:44
Маҳфили навбатии “Равшандилон”-и Шуъбаи хизматмаронии махсус бо ширкати 12 нафар афроди дорои имкониятҳои маҳдуд баргузор шуд.
Шоира Оростаи Ниёз як силсила шеърҳои тозаэҷоди худро қироат кард.
Шаҳроми Неъмат ва Мавзунҷони Ғафурзод низ аз ашъори нави худ хонданд ва бахше аз аз навиштаҳои хешро зери навои мусиқӣ замзама карданд. Ин ду тан ҳам аккардион менавохтанд ва ҳам гитор мезанданд, ки ин ҳолат маҳфилро нурониву табъи ширкаткунандагонашро шод мекард.
Дар қисмати дуввум иштирокдорон ҳар кадом бо навбат гоҳ аз ашъори худ ва гоҳ аз шуарои муосиру қадим дар васфи зан ва модар шеърҳо хонданд.
“Равшандилон” маҳфилест, ки аҳли эҷодро аз миёни афроди дорои имконоти маҳдуд ба ҳам меорад. Дар ин ҷо онҳо шеъру таронаҳои тозаэҷоди худро мехонанд ва онро миёни ширкаткунандагон баррасӣ мекунанд.
Маҳфил аз чанд бахш иборат аст ва яке аз он байтбараку чистонгӯӣ ва суолу ҷавоб аз адабиёту фарҳанг аст.