Моҳи феврали соли 2020

Моҳи феврали соли 2020

1-уми феврал

90-солагии зодрӯзи Хайрулло Абдуллоев (1930-2008), оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

70-солагии зодрӯзи Хадича Абдуҳалимова (1950-1997), сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

70-солагии зодрӯзи Холматҷон Аминҷонов (1950), олими соҳаи техника.

70-солагии зодрӯзи Абдуқодир Неъматов (1950), олими соҳаи физика.

110-солагии зодрӯзи Нуриддин Пиримқулов (1910-1983), журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

70-солагии зодрӯзи Олим Тулобоев (1950), олими соҳаи геология.

80-солагии зодрӯзи Турсун Усмон (1940), шоир.

135-солагии зодрӯзи Тимофей Шапкин (1885-1943), яке аз барқароркунандагони Ҳокимияти Шуравӣ дар Тоҷикистон.

100-солагии таъсиси (1920) маҷаллаи тоҷикии «Инқилоб» дар Самарқанд. То соли 1924 нашр шуд.

2-юми феврал

60-солагии зодрӯзи Раҷабалӣ Азимов (1960), генерал-майор.

75-солагии зодрӯзи Хадича Боирова (1945), олимаи соҳаи иқтисод.

70-солагии зодрӯзи Эрмат Бобоҷон (1950), журналист.

70-солагии зодрӯзи Субҳонқул Камолиддинов (1950), олими соҳаи иқтисод.

70-солагии зодрӯзи Юрий Обрубов (1950), доктори илмҳои физика ва математика, профессор.

80-солагии зодрӯзи Нуриддин Салимов (1940-2002), файласуф, профессор.

70-солагии зодрӯзи Гулхоҷа Ҷангибеков (1950), доктори илмҳои физика ва математика, профессор.

Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи обу ботлоқзорҳо.

3-юми феврал

65-солагии зодрӯзи Маҳмадсаид Аҳмадов (1955), сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

75-солагии зодрӯзи Лариса Кевятковская (1945), олимаи соҳаи химия.

75-солагии зодрӯзи Ҳаитбой Мирҳайдаров (1945), адабиётшинос, профессор.

85 солагии зодрӯзи Евгений Пометун (1935), олими соҳаи химия.

4-уми феврал

60-солагии зодрӯзи Алексей Ким (1960), доктори илми тиб, профессор.

70-солагии зодрӯзи Қодиршои Одина (1950), шоир.

75-солагии зодрӯзи Исломи Оқил (1945), шоир.

115-солагии зодрӯзи Всеволод Шевченко (1905-1948), киноактёр ва кинооператор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

5-уми феврал

70-солагии зодрӯзи Ҳайдар Сафиев (1950), доктори илми химия, профессор, академики АИ Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино.

70-солагии зодрӯзи Маҳмудҷон Ӯлмасов (1950), файласуф.

60-солагии зодрӯзи Раҷабалӣ Худоёр (1960), адабиётшинос.

90-солагии зодрӯзи Сайдулло Ҷӯраев (1930-1990), олими соҳаи кишоварзӣ.

6-уми феврал

100-солагии зодрӯзи Абдуғаффор Муллоҷонов (1920-1973), арбоби ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

105-солагии зодрӯзи Галина Пугаченкова (1915-2007), доктори илми санъатшиносӣ, профессор.

90-солагии зодрӯзи Григорий Сербул (1930-2010), рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

110-солагии зодрӯзи Абдулло Юсуфӣ (1910-1971), луғатшинос.

7-уми феврал

150-солагии зодрӯзи Николай Миронов (1870-1952), мусиқишиноси рус, муҳаққиқи мусиқии тоҷикӣ.

110-солагии зодрӯзи Миркарим Саидов (1910-1940), актёр ва коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

8-уми феврал

110-солагии зодрӯзи Абдулло Бобохонов (1910-1998), Меъмори халқии СССР.

75-солагии зодрӯзи Музаффар Дониёров (1945), олими соҳаи биология.

80-солагии зодрӯзи Нурулло Исобоев (1940), журналист-суратгир.

115-солагии зодрӯзи Арнолд Краус (1905-1958), олими соҳаи тиб.

Рӯзи ҷаҳонии дандонпизишкон.

9-уми феврал

115-солагии зодрӯзи Султон Замонов (1905-1992), арбоби хоҷагӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

65-солагии зодрӯзи Ворис Мадаминов (1955), доктори илми кишоварзӣ, профессор.

50-солагии зодрӯзи Мунаввараи Оймат (1970), шоираи ӯзбекзабони Тоҷикистон, адабиётшинос.

60-солагии зодрӯзи Наталя Ҷамолова (1960), муаррих.

10-уми феврал

80-солагии зодрӯзи Даврон Ашӯров (1940-2003), арбоби ҷамъиятӣ, файласуф, журналист.

90-солагии зодрӯзи Бобоҷон Мавлонов (1930-2003), кулол, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

80-солагии зодрӯзи Евгения Нарзуллоева (1940-2012), олимаи соҳаи тиб, профессор.

70-солагии зодрӯзи Исматулло Файзиев (1950), доктори илми педагогӣ, профессор.

60-солагии зодрӯзи Саъдулло Ҳайдарӣ (1960), журналист, муҳаққиқ.

70-солагии зодрӯзи Аъзами Ятим (1950), наттоқи радио.

Рӯзи байналмилалии дипломатҳо.

Рӯзи ҷаҳонии бемор.

11-уми феврал

70-солагии зодрӯзи Бобоназари Бобохон (1950), забоншинос, мутарҷим.

60-солагии зодрӯзи Раҳмон Гулзор (1960), журналист.

70-солагии зодрӯзи Саид Қурбонов (1950), доктори илми тиб, профессор.

105-солагии зодрӯзи Маҳмадёқуб Маҳмадюсуфов (1915-1991), Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

80-солагии зодрӯзи Сайфиддин Шералиев (1940-2016), рассоми халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ.

12-уми феврал

60-солагии зодрӯзи Азизи Азиз (1960), нависанда.

100-солагии зодрӯзи Василий Ермошкевич (1920-1989), олими соҳаи байторӣ.

75-солагии зодрӯзи Нурулло Ивазов (1945-2002), олими соҳаи биология, профессор.

50-солагии зодрӯзи Парвиз Пӯлодӣ (1970), сароянда, актёри кино.

13-уми феврал

65-солагии зодрӯзи Олга Астафева (1955), мусиқишинос.

105-солагии зодрӯзи Дмитрий Вишневский (1905-1987), арбоби низомӣ, генерал-майор.

70-солагии зодрӯзи Муродалӣ Солеҳов (1950), арбоби давлатию ҷамъиятӣ.

60-солагии зодрӯзи Шаъбонӣ Юсуфов (1960), доктори илми техникӣ.

Рӯзи байналмилалии радиои мустақил (озод).

14-уми феврал

65-солагии зодрӯзи Маъруф Раҷабӣ (1955-2001), доктори илми филологӣ, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

60-солагии зодрӯзи Алидоди Чароғабдул (1960), шоир.

70-солагии зодрӯзи Ҷӯрабой Янгибоев (1950), олими соҳаи биология.

15-уми феврал

90-солагии зодрӯзи Зоҳир Аҳрорӣ (1930-2009), адабиётшинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

75-солагии зодрӯзи Рамазон Мирзоев (1945), арбоби давлатӣ.

70-солагии зодрӯзи Раҳмонхӯҷа Мирзоев (1950), олими соҳаи биология.

70-солагии зодрӯзи Неъматулло Неъматов (1950), олими соҳаи математика.

90-солагии зодрӯзи Ғайбулло Раҳматуллоев (1930-1991), коргар, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

75-солагии зодрӯзи Эркинбой Ҳамидҷонов (1945), олими соҳаи тиб.

Рӯзи компютерчиён.

16-уми феврал

60-солагии зодрӯзи Зиёратшо Қодиров (1960), доктори илми тиб, профессор.

75-солагии зодрӯзи Қурбон Нарзуллоев (1945), сароянда.

85-солагии зодрӯзи Алексей Семёнов (1935), генерал-майор.

70-солагии зодрӯзи Алиаҳмад Холов (1950), олими соҳаи химия.

70-солагии зодрӯзи Мирзосафари Шамсиддин (1950), журналист, нависанда.

17-уми феврал

65-солагии зодрӯзи Тағойназар Бақо (1955), шоир.

80-солагии зодрӯзи Шамсулло Саймиддинов (1940-2005), генерал-майор.

80-солагии зодрӯзи Ҳадиса (Қурбонова) (1940), шоираи халқии Тоҷикистон.

18-уми феврал

75-солагии зодрӯзи Сайдулло Абдуллоев (1945-2002), доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

65-солагии зодрӯзи Абдулаҳад Гулов (1955-2002), журналист.

75-солагии зодрӯзи Бароталӣ Муродов (1945), олими соҳаи математика.

70-солагии зодрӯзи Сайёд (Ҳасани Гулзод) (1950), шоир.

100-солагии зодрӯзи Инна Филимонова (1920), кинодраматург, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

75-солагии зодрӯзи Муаззам Холматов (1945), олими соҳаи иқтисод.

95-солагии зодрӯзи Дина Чедия (1925-1992), доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор.

Ҷашни Обрезагон – иди хуҷастаи ниёгон.

19-уми феврал

95-солагии зодрӯзи Соломон Лучанский (1925-2007), олими соҳаи педагогика.

85-солагии зодрӯзи Қаюм Самадов (1935), олими соҳаи физика.

110-солагии зодрӯзи Ҳафизулло Урунов (1910-1971), актёри театр.

20-уми феврал

75-солагии зодрӯзи Абдусаттор Абдуқодиров (1945), адабиётшинос (ӯзбекӣ), профессор.

70-солагии зодрӯзи Саъдинисо Валаматова (1950), олимаи соҳаи биология.

70-солагии зодрӯзи Шералӣ Гулов (1950), арбоби давлатӣ.

60-солагии зодрӯзи Барот Мақсудов (1960), доктори илмҳои физика ва математика, профессор.

80-солагии зодрӯзи Тағоймуроди Маҳмадмурод (1940), нависанда.

80-солагии зодрӯзи Ғоиб Сафарзода (1940-1972), шоир.

65-солагии зодрӯзи Қудратулло Ҳикматов (1955), оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

21-уми феврал

70-солагии зодрӯзи Камолиддин Абдуллоев (1950), доктори илми таърих, профессор.

80-солагии зодрӯзи Оғоназар Ақназаров (1940), доктори илми биологӣ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон.

80-солагии зодрӯзи Сайвалӣ Мӯсоев (1940-2013), мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

85-солагии зодрӯзи Парвин Ҳошимова (1935), олимаи соҳаи тиб.

95-солагии зодрӯзи Виктор Чечотка (1925), рассом, Ҳодими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Рӯзи ҷаҳонии забон.

22-юми феврал

65-солагии зодрӯзи Неъмат Аюб (1955-1994), журналист.

85-солагии зодрӯзи Инъом Бобоҷонов (1935), олими соҳаи математика.

75-солагии зодрӯзи Хушвахт Назаров (1945), журналист.

135-солагии зодрӯзи Марк Серейский (1885-1957), доктори илми тиб, профессор.

Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониҳои ҷиноятҳои ҷангӣ.

23-юми феврал

95-солагии зодрӯзи Михаил Бобоев (1925-2001), олими соҳаи иқтисод.

70-солагии зодрӯзи Саидшо Давлатшоев (1950), олими соҳаи педагогика.

85-солагии зодрӯзи Султон Исмоилов (1935), олими соҳаи физика.

85-солагии зодрӯзи Зокир Назиров (1935), муаррих.

100-солагии зодрӯзи Обидҷон Орифов (1920-1996), забоншинос (ӯзбекӣ).

70-солагии зодрӯзи Тамара Шодиева (1950), олимаи соҳаи иқтисод.

Рӯзи артиши тоҷик.

24-уми феврал

75-солагии зодрӯзи Аминҷон Аюбов (1945), олими соҳаи иқтисод.

120-солагии зодрӯзи Ҳамидҷон Маҳмудов (1900-1977), коргардон, яке аз поягузорони театри миллии тоҷик.

100-солагии зодрӯзи Фозил Мӯсоев (1920-1969), олими соҳаи иқтисод.

65-солагии зодрӯзи Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев) (1955), шоир.

60-солагии зодрӯзи Талбак Салимов (1960-2013), доктори илми техникӣ, профессор.

Ҷашни Мардгирон – иди хуҷастаи ниёгон.

25-уми феврал

65-солагии зодрӯзи Шамсиддин Насриддинов (1955), журналист.

60-солагии зодрӯзи Набишер Ҷӯраев (1960), олми соҳаи иқтисод.

26-уми феврал

50-солагии зодрӯзи Соҳиба Давлатшоева (1970), сароянда.

65-солагии зодрӯзи Додарбек Мирзоев (1955), журналист.

70-солагии зодрӯзи Усмон Раҷабов (1950), олими соҳаи техника.

95-солагии зодрӯзи Раиса Савина (1925), доктори илми тиб, профессор.

27-уми феврал

110-солагии зодрӯзи Авксентий Камелин (1910-1978), рассом.

85-солагии зодрӯзи Михаил Костетский (1935-1990), генерал-майор.

65-солагии зодрӯзи Баҳром Юсуфов (1955), меъмор.

28-уми феврал

110-солагии зодрӯзи Абдулҳамид Ализода (1910-1965), журналист.

80-солагии зодрӯзи Ҷалил Рабиев (1940), адабиётшинос.

75-солагии зодрӯзи Гулаҳмад Раҳмихудоев (1945), доктори илми биологӣ, профессор.

65-солагии зодрӯзи Галина Семёнова (1955), олимаи соҳаи химия.

75-солагии зодрӯзи Зоҳир Ҳувайдо (1945-2012), сарояндаи тоҷиктабори Афғонистон.

95-солагии кушодашавии (1925), шуъбаи Душанбегии Бонки давлатии СССР. Ҳоло Бонки миллии Тоҷикистон.