Даричаи ошноӣ: Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб

Аз шоирони тозагӯй аст, ашъораш саршор аз ишқи Ватан, дӯстиву рафоқат, муҳаббати поки инсонист. Қариб дар ҳама жанрҳои ададбӣ шеър гуфтааст, қаламашро дар достонсароӣ ва навиштани драмаву филмномаҳо низ санҷидааст. Дар тарҷума низ муваффақ шудааст. Дар гуфтани шеърҳо барои атфол низ комёб шудааст.
Муҳаммад Ғоиб  16 марти соли 1954 дар деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара таваллуд шуда, соли 1977 факултаи физикаю метематикаи  Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Кўлобро хатм кардааст. Баъди хатми донишкада соли 1977 ба ҳайси  мухбири Кумитаи телевизион ва радио дар минтақаи Кўлоб ба фаъолият шурӯъ карда, аз соли 1987 то соли 1990  хабарнигори ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар ин минтақа буд.

Аз соли 1990 то соли 1995 раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои собиқ  вилояти Кўлоб, аз соли 1995 то соли 1997 роҳбари қароргоҳи ҳукуматии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, аз соли 1997 то соли 2000 –ум раиси Кумитаи телевизион ва радиои  вилояти Хатлон, аз соли 2000 –ум то соли 2004 муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон, аз соли 2004 то соли 2008 директори Киностудияи «Тоҷикфилм» ва аз соли 2008 то 2012 директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон буд. Аз соли 2012 то вақти нафақа сардабири рӯзномаи “Ҷумҳурият” буд.

             Ба шеър гуфтан бармаҳал оғоз кардааст ва намунаи аввалин навиштаҳояш дар нашрияҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ соли 1972 рӯйи чопро дидаанд. Муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла: «Турнаҳо» (1980), «Роҳи деҳа» (1981), «Рўзҳои боронӣ» (1985), «Фарёди ёдҳо», «Меҳргиёҳ» (1986), «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгашта пайдо», «Роҳи каҳкашон», «Пойгаҳ», «Ватани Наврӯз», «Фархундапай», «Шоҳи Ҳамадон », «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон», «Каъбаи дил», «Подарок» (бо забони русӣ),   «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ва ғайра мебошад.

Ҳамчунин якчанд очерку новеллаҳои телевизионӣ  ва тарҷумаҳои шеърҳои шоирон ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Драмаҳои машҳури «Шоҳи Ҳамадон», «Мири Кабир», «Имоми Аъзам», «Арвоҳзада», «Зиндамаргон», «Волидони беворис», филмномаҳои «Гумгашта пайдо», «Пуштаи хандақпеч», «Ҳасрати дидор», «Вафодор» ва ғайра  зодаи эҷоди ӯянд.

Ў инчунин барои бачаҳо шеърҳо, қиссаву достонҳо ва афсонаю чистонҳои зиёде навиштааст, ки қисме аз онҳо дар маҷмўаҳои муштараки «Гулдаста» (1978),  «Модарнома» (1981), «Дили модар» (1984)  «Тути дара» (1984) ва ғайра гирд омадаанд. Намунаи ашъораш ба забонҳои русӣ, ўзбекӣ ва чувашӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

        Муҳаммад Ғоиб аз соли 1981 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС аст.

Соли 1999 бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шуд. Соли 2001 ба унвони  Шоири халқии Тоҷикистон шарафёб гардид.

Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ (соли 2012) медали ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик» мебошад.  

Соли 2013 барандаи Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин гардид.

 

Аз Муҳаммад Ғоиб дар  Китобхонаи миллӣ хонандагон метавонанд ин асарҳоро бихонанд:                                               

Ғоиб, М. ШоҳиҲамадон. – Душанбе: Ирфон, 1995. – 68 с.

Ғоиб, М. Наврўз. – Душанбе: Собириён, 2006. – 32 с.

Ғоиб, М. Ватани Наврўз. – Душанбе: Адиб, 2008. – 61 с.

Ғоиб, М. Поси ошноӣ. – Душанбе: Адиб, 2008. – 256 с.

Ғоиб, М. Имоми Аъзам. – Душанбе: Шарқи озод, 2009. – 56 с.

Ғоиб, М. Девон. – Душанбе: Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ – тоҷикӣ Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон, Чопхонаи “Пайванд”, 2009. – 1015 с.

Ғоиб, М. Мавҷи нур. – Душанбе, 2010. – 156 с.

Ғоиб, М. Сояи нур. – Душанбе: Адиб, 2014. – 472 с.

Ғоиб, М. Ба хона меҳмон омад.Душанбе: Адабиёти бачагона, 2015. 36 с.

Ғоиб, М. Рўҷўи нотамом. – Душанбе: Андалеб Р, 2015.  – 124 с.

                                 Тарҷумаҳои адиб:

Михалков, С. Лаҳзаи нохушӣ: Шеър /Аз русӣ тарҷумаи Муҳаммад Ғоиб // Роҳи ленинӣ. – 1978. – 21 апрел.

Мирзоалиев, Қ. Мактуб; Афсонаи пагоҳӣ: Шеърҳо / Аз қазоқӣ тарҷумаи Муҳаммад Ғоиб // Галаситора. – Душанбе, 1981. – С. 138-140.

Обидҷонов, А. Зиёфат дар ҷангал / Аз ўзбекӣ тарҷумаи Муҳаммад Ғоиб // Роҳи ленинӣ. – 1981. – 15 июл.

Артемйева, Н. Барои дўстӣ; Дар сояи ҳафт сарв: Шеърҳо /Тарҷумаи Муҳаммад Ғоиб // Роҳи ленинӣ. – 1982. – 23 октябр.                                  

Михалков, С. Барои духтаре, ки бад мехўрад; Айнак куҷо шуд: Шеърҳо / Тарҷумаи Муҳаммад Ғоиб // Роҳи ленинӣ. – 1985. – 16 май.

Спал, А. Барои Шекспир: Шеър / Тарҷумаи Муҳаммад Ғоиб // Роҳи ленинӣ. – 1987. – 9 сентябр.

Казакова, Р. Роҳи ишқ: Шеър / Тарҷумаи Муҳаммад Ғоиб // Роҳи ленинӣ. – 1987. – 19 август.

Доризо, Н. Омади андўҳ: Шеър / Тарҷумаи Муҳаммад Ғоиб // Роҳи ленинӣ. – 1987. – 19 август.

Михалков, С. Шумо чӣ доред?; Сулҳ: Шеърҳо /Тарҷумаи Муҳаммад Ғоиб //Роҳи ленинӣ. – 1987. – 19 август.

Старшинов, Н. Субҳ: Владивосток: Шеърҳо / Аз русӣ тарҷумаи Муҳаммад Ғоиб // Роҳи ленинӣ. – 1988. – 29 май.

 

Таҳияи Ҳусния Назарова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ