«Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат»

Мутахассисон, мутарҷимон, донишомӯзон дар шуъбаи хизматрасонии  билиографӣ метавонанд аз луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат истифода кунанд, ки дорои 7000 истилоҳ ва калима аст.
Ин луғатнома соли 2003 чоп шудааст. Мураттибони он  А. Аҳроров , А. Раҷабов , М. Рўзиев, Ҳ. Сабоҳӣ мебошанд.
Луғатнома дорои 7000  истилоҳ  ва ибораи махсуси  бештар  истеъмолшаванда  доир  ба санъати  меъморӣ,  ороишиву амалӣ,  мусиқӣ, рақс, театр,  кино,  телевизион, сирк, эстрада,  ҳамчунин  истилоҳоти   эстетики маъмулии  умумиро дар бар мегирад. Маврид ба таъкид аст, ки луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат бори аввал дар Тоҷикистон чоп мешавад. Муаллифон гуфтаанд, ки луғат барои  доираи ваъсеи хонандагон  пешниҳод  мегардад.
Он  истилоҳу мафҳумҳое ,  ки ба  таркиби энсиклопедияҳо  ва  луғатҳои  нашри  солҳои  охир  доир  ба  соҳаҳои  гуногун санът  ворид шудаанд  ва ҳамчунин  ибораву  воҳидҳои  бештар  устувори фразелологӣ , ки дар адабиёти  илмии  санъатшиносӣ  ва матбуоти  даврӣ  ба  забони  русӣ  бештар истифода мешавад.  Интихоби  муродифҳои  тоҷикии истилоҳу  мафҳумҳо  вобаста  ба  имконоти  фонди  луғавии  санъатшиносӣ  ва эстетикаи  забони  классикӣ  ва  ҳозираи  тоҷикӣ  сурат мегирад.
«Луғати  русӣ-тоҷикии  истилоҳоти  санъатшиносӣ»  асосан барои  кормандони  эҷодии  санъат,  маданият,  рўзноманигорон,  мутарҷимон,  мунақиқидон, санъатшиносон,  аспирантҳо,  донишҷуён,  муаллимон  ва талабагони   мактабҳои  миёна, барои  ҳамаи  ононе,  ки  нисбат  ба  санъат шавқу   рағбати   зиёд   доранд, муфид аст.
Хонандагони арҷманд метавонанд аз ин луғат, ки  таҳти  рақамӣ  инвертарии  2004/414 маҳфуз аст, аз  Шуъбаи   Хизматрасонии  библиорафии  Китобхонаи  миллии  Тоҷикистон  истифода баранд.

Наботов  Шариф
Мутахассиси   Шуъбаи
хизматрасонии  билиографӣ