Чопи рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ
Нашр шуд 2017-03-14 19:17
Маркази миллии тестӣ барои довталабон дастуре омода намудааст, ки дар он номгӯйи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ихтисос, тахассус ва зерихтисосҳо вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳо, шакл, намуд, маблағ, забони таҳсил ва теъдоди ҷойҳо ба ихтисосу зерихтисосҳо (дар асоси нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2017-2018 ва тайғиру иловаҳо ба он) оварда шудааст.
Инчунин дар дастури мазкур минтақаи ҷойгиршавии номгӯйи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки довталаб метавонад бе мамониат ба муассисаи дилхоҳаш равад.
Зикр бомаврид аст, ки ин дастур ба довталабон як роҳнамои хуб барои маълумот пайдо намудан доир ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳар як довталаб метавонад дастури мазкурро аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас намояд. Дастур бо ду забон (тоҷикӣ ва русӣ) навишта шудааст, ки ҳар яке аз 174 саҳифа иборат мебошад.
Мавзуна Орумбекова,
Мудири бахши таҳлил
ва ташхиси адабиёт