Бо шуруъи мавсими таҳсил дар кишвар шумораи хонадагон меафзояд

Моҳи августи соли ҷорӣ ба толори хониши шуъбаи матбуоти даврӣ  300 хонанда ташриф овардааст, ки тибқи дархосташон ба онҳо 1453 бастаи рӯзномаву 1153 шумораи маҷалла пешниҳод карда шуд, ки маҷмӯъан 2606 бастаи рӯзнома ва маҷалларо дар бар мегирад. Бояд гуфт шумораи ташрифи хонадагон ба толор нисбат ба моҳи гузашта 66 нафар зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2019  18  нафар кам мебошад.  Аммо нисбат ба моҳи августи соли 2019 1063 бастаи рӯзнома ва шумораи маҷалла зиёд дархост шудааст.

Новобаста аз он, ки то даҳаи дуюми моҳи август донишҷӯёну толибилмони мактабҳои оливу миёнаи ҷумҳурӣ дар таътили тобистона қарор доштанд, вале шумораи ташрифи хонандагон нисбатан бад нест. Бо таваҷҷуҳ ба он, ки  имсол мавсими нави таҳсил аз 17 август шуруъ гардид, шумораи хонандагони низ ба маротиб дар ҳоли афзоиш аст, зеро 80 % хонандагони шуъбаро донишҷӯён ташкил медиҳанд. Интизор меравад, ки аз аввали моҳи сентябр боз ин толор пур аз хонандагон шавад.

Бояд гуфт ҷиҳати таъмини талаботи рӯзмараи хонандагон бо маводҳои тозанашр ҳар ҳафта 29 номгӯи рӯзнома дар асоси нусхаи ҳатмӣ ва обунавӣ бо забони тоҷикӣ ва русӣ  ва бештар аз 20-номгӯи маҷаллаҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ моҳе як маротиба ворид ва ба дасти хонандагон супорида мешавад. 

Дар маҷмуъ моҳи август 631 нусхаи рӯзномаҳои тозанашр бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ ва 121 нусхаи маҷаллаҳо бо забони тоҷикӣ русӣ пас аз коркард ба фонди шуъба ворид карда шуд.

Инчунин дар моҳи сипаришуда аз ҷониби Медиатеки Президент ва Маркази иттилооти ҳуқуқии Китобхона ба фонди шуъбаи Матбуоти даврӣ 537 шумораи маҷаллаҳои тоҷикию русӣ ва 6114 шумораи рӯзномаю ҳафтаномаҳо, ки фарогири нашри солҳои гуногун мебошанд интиқол ёфт, ки пас аз коркарду бастабандӣ ба фонди шуъба ворид карда шуд.

Бо мақсади таҷлили сазовори ҷаншҳои миллии “Истиқлолият”, “Рӯзи китоб” ва “Рӯзи дониш” дар шуъба намоиши рӯзномаву маҷаллаҳо, ки фарогири мавзӯҳои истиқлолу китобу китобдорист, ба маърази дид гузошта шудааст, ки хонандагон метавонанд аз он истифода намоянд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР

Шуъбаи матбуоти даврӣ.

Барчаспҳо: