Як ду рўзе, ки дар ин хонаи танг меҳмонӣ....

  Инсоният дар тўли таърих, дар ҳамагуна шароите, ки зуҳур накарда бошад, дорои нишонаҳои ахлоқии худ буд. Беш аз ин дар ҳаёти инсон тарбияи ахлоқӣ ҳадафи аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт. Ба ин хотир, аввалин ва бузургтарин китоби таърихи инсоният «Авесто» низ пеш аз ҳама ба тарбияи ахлоқии инсон бахшида шудааст. Шиори авестоии «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек», ки беш аз се ҳазор сол пеш баён гардидааст, то кунун ҳам ҷавҳари тарбияи ахолқиву муҳити маънавии инсонҳост.

  Тибқи таълимоти «Авесто» инсон тӯли зиндагиаш ҳамеша дар миёни муборизаи некиву бадӣ қарор дошта, дар набард бояд, ки доим ҷонибдори некӣ бошад. Дар он таъкид карда мешавад, ки инсон бояд фақат рост гўяд, ба ваъдааш вафо кунад ва адолатпарвару меҳнатдўст бошад.

   Аз ин рӯ, ҳар инсонро зарур аст, ки дар муошират бо атрофиён хушмуомила бошаду баҳри пайдо намудани ҷойгоҳи худ дар ҷомеа талош намояд ва ҳаёти шоистаро барояш муҳайё созад.  

Риояти одоби писандида ба шумо кумак мекунад то шаъну манзилат ва қадру қимати иҷтимоиятон боло равад. Дар ин  ҷо як қатор маслиҳатҳо  зикр шудаанд, ки метавонад дар ин бора ба шумо ёрӣ диҳад. Бо риоя намудани ин маслиҳатҳои муфид, дӯстони бештаре хоҳед дошт ва ҳамнишини хуб ба ҳисоб меоред.

 1 – Ҳамеша хоксор бошед

Ҳамвора нисбат ба ҳама хоксор ва бо назокат бошед.

 2 – Ҳеҷгоҳ дашном надиҳед

Дашном ва носазогӯӣ мутлақан мамнуъ аст, чун нишон медиҳад, ки шумо қодир нестед барои баёни  ақида ва амалҳои  худ.

  3 – Бо садои баланд сӯҳбат накунед

Ҳангоме, ки бо садои баланд сӯҳбат мекунед, боиси нороҳати атрофёни худ мегардед. Баланд сӯҳбат кардан баёнгари он аст, ки шумо қодир ба баҳси мантиқӣ бо дигарон нестед ва нотавонии шуморо  ибрози назар менамояд, ки мехоҳед коре кунед то ба зӯр ҳарфи шуморо қабул кунанд.

  4 – Назорат ва идораи  худро аз даст надиҳед

Замоне, ки шумо  идораи  худро аз даст медиҳед ва асабонӣ мешавед, ба ҳама нишон медиҳед, ки қодир ба назорати эҳсосот ва ҳаяҷоноти худ намебошед. Вақте ҳам, ки шумо аз назорати рафтори худатон нотавон ҳастед, чигуна қодир ба назорати чизи дигаре метавонед бошед?.

  5 -Сӯҳбати касеро қатъ накунед

Пеш аз он, ки изҳори ақидае бикунед, иҷоза диҳед сӯҳбати дигарон ба поён бирасад. Миёни сӯҳбати касе дахолат намудан, нишонаи беназокатӣ ва  беэҳтироми  мебошад.

  6 – Ҳамеша вақтшинос бошед

Муҳим аст, ки ба вақти дигарон эҳтиром бигузоред. Сари вақт дар ҷаласаҳо, қарору мулоқотҳо  ва ғайра иштирок намоед.  Илова бар он, ҳар як фарди бо шахсият медонад чӣ замоне бояд меҳмониро тарк кунад.

 8 – Асрори зиндагии хусусии худро фош насозед

Обрӯ, шарофат, садоқат ва басират бузургтарин ва муҳиммтарин омил барои ҳифзи эътибори як фарди бо шахсият аст. Ҷузъиёти зиндагии шумо бояд маҳрамона боқӣ бимонанд, пас сӯҳбате дар робита бо зиндагиатон ба миён наёваред.

 9 – Ҳурмати бузургтарҳоро нигоҳ доред

Шумо бояд ҳамонтавр, ки дӯст доред мавриди эҳтироми дигарон бошед, худатон низ ба дигарон эҳтиром бигузоред.

10 – Ба иштибоҳоти дигарон нахандед

Ин яке аз пасттарин  хислатҳо ва корҳое аст, ки касе мумкин аст анҷом диҳад. Ҳангоме, ки шумо иштибоҳе ё хатое мекунед, танҳо интизоред, ки аз дигарон аз ин иштибоҳот ва хатоҳои содирнамудаи шуморо ба рӯятон наёваранд ва аз онҳо чашмпӯшӣ кунанд.

 11 – Пеш аз хурдани ғизо мунтазир бимонед ҳамаи меҳмонон сари ҷояшон бинишинанд

Замоне, ки барои хурдани ғизо сари дастархон ё миз менишинед, бояд мунтазир бимонед то тамоми меҳмонон комилан сари ҷояшон бинишинанд ва омодаи хурдани ғизо гарданд. Ҳамаи афрод (иштирокчиён, меҳмонон) бояд дар як замон шурӯъ ба хурдани ғизо кунанд.

 12 –  Такабур   накунед

Ҳеҷ кас аз одами лофзан хушаш намеояд. Дар ҳангоми гуфтугӯ дар бораи масоили молу дороиҳои худ ишора накунед ва сарвати худро ба рух  накашед.

 13 – Мураттаб (ҳамеша) ба соататон нигоҳ накунед

Ҳангоме, ки дар маҳфиле (чорабинӣ, меҳмонӣ, ҷаласа ва ғайра) ҳастед, мудом ба соати худ нигоҳ накунед магар он, ки билофосила қасди тарки он  махфилро дошта бошед. Вақте ба соататон нигоҳ мекунед дигарон ин тавр бардошт мекунанд, ки шумо хаста ва беҳавсала шудаед.

Хоҷа дарёб, ки ҷон дар тани инсон адаб аст,
Одам аз олами улвӣ, шарафи ҷон адаб аст.
Як ду рўзе, ки дар ин хонаи танг меҳмонӣ,
Боадаб шин, ки хосияти меҳмон адаб аст.
Зоғи шабранг, ки дар беадабӣ машҳур аст.
Нағма дар нойи дами мурғи саҳархон адаб аст.
Беадабро набувад дархӯри султон чизе.
Нек бингар ба яқин дархӯри султон адаб аст.
Кардам аз ақл суол ин, ки чӣ бошад имон,
Ақл дар гўши танам гуфт, ки имон адаб аст.
Чашм бикшову бубин ҷумла каломуллоҳро.
Оят-оят ҳамагӣ маънии Қуръон адаб аст.
Шамси Табрез хамўш кун, ки ту, эй сирри Худо,
Анвари фарри ҳама шамъи шабистон адаб аст.

           Гирдоваранда Ҷамил Валиев,

корманди шуъбаи нигаҳдории  китоб

 
Барчаспҳо: