Анҷоми семинари байналмилалии “Сурури хотирот” дар Арманистон

 Рӯзи 21 июни соли 2019 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон нуҳумин семинари байналмилалӣ, ки ба технологияи нави ҳифзи осори чопии таърихӣ бахшида шуда буд, ба анҷом расид. Дар он намояндагони 56 кишвари дунё аз ИДМ ва хориҷа ширкат варзиданд. Ширкаткунандагони он ба масъалаҳои ҳифз ва нигаҳдори мероси ниёгон  дар китобхона ва шаклҳои нигаҳдории фонди китобӣ таъкид карданд.

 Дар осорхонаи Матендарами Ҷумҳурии Арманистон IX–умин семинари байналмилалӣ «Сурури хотирот. Технологияи навтарини ҳифз ва барқарорсозии мероси чопӣ» баргузор гардид, ки дар он  намояндагони ниҳодҳои китобдори кишварҳои узви ИДМ ва хориҷ  иштирок намуданд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Сармутахассиси шуъбаи нигаҳдории китоб Ҷамил Валиев  намояндагӣ намуд ва дар мавзуи «Самҳои фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон: тамаюл ва пешравиҳо» суханронӣ кард.

 Дар семинари мазкур масъалаҳои нигаҳдории фонди китоб, таъмиру тармими ҳуҷҷатҳо, истифодаи технологияи муосир доир ба фаъолияти нигаҳдори ҳуҷҷатҳо, фаъолияти кори китобхона дар самтҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид.

 Ҳама иштирочиёни семинари мазкур, Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Арманистон Лилит Макунтс, Ҷонишини вазири фарҳанги Арманистон Ара Хзмалян ва дигарон ба ҳамкорӣ бо  Китобхонаи миллии Тоҷикистон изҳори  таъкид карданд.

 Онҳо ҳамчунин иброз доштанд, ки омодаанд дар тамоми самтҳои соҳаи китобдорӣ, библиографияшиносӣ, истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти кори китобхона ва ғайра бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ  намоянд.

 Ҷамил Валиев,

сармутахассиси шуъбаи нигаҳдории китоб

Барчаспҳо: