чорабиниҳои фарҳангӣ

Ганҷҳои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”: Соҳибҷон Норов, хонандаи синфи 8 аз Панҷекат

Соҳибҷон Норов аз ҷумлаи довталабон дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик аст, ки бо дарёфти ҷойи аввал дар марҳилаҳои пешин соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ шудааст. Ӯ аз Панҷекат ба шаҳри Душанбе омадааст. Хонандаи мактаби таҳсилоти умумии рақами 18, деҳаи Артуч, ҷамоати Рӯдакӣ аст. Бобояш, ки

Нахустин ганҷина аз “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

​Ҳамин лаҳзаҳо аввалин довталаб дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик” ба саҳна омад. Ӯ Шоина Мабатқадамова, хонандаи синфи 7 аз ВМКБ аст. Дар озмуни вилоятӣ соҳиби 100 хол шудаву ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтааст. Ӯ бо як лаҳни хушу садои ҷаззоб шеърхонӣ дорад. Гуфтанист,

Оғози даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Китобхонаи миллӣ

​Субҳи имӯз дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суханронии муқаддамотии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода даври ниҳоии дуюмин озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз шуд. Абдуҷаббор Раҳмонзода баргузории озмунро аз ташаббусҳои

Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз ҷойи холӣ надорад!!!

“Баъди шунидани ин гуна суханон ба гӯшҳоям бовар накардам... Боз такроран пурсидам, чунин посух шунидам... Худро шаппотие задам то бедор шавам. Аммо олист, ки ин хоб набуд. Бисёр хурсандиовар аст, ки имрӯз мардум барои илм шуда талош варзида истодаанд. Пушти дари толори хониш интизори баромадани касе ҳастем, то ки ҷойи холие пайдо карда бошем.

Рӯнамоии “Айёре аз Хуросон” баъди чиҳил соли таълифи он

​Имрўз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо иштироки ҷамъе аз адибон, донишмандон, пажӯҳишгарон ва рӯзном анигрони ватаниву хориҷӣ маҳфили фарҳангӣ ва ҳунарии рўнамоии китоби «Айёре аз Хуросон»-и устод Халилуллоҳ Халилӣ баргузор шуд. Китоби мазкур бо талоши муассисаи Китобхоаи устод Халилуллоҳ, ки мақари он дар шаҳри Душанбест ва сарвари он Ҷаъфар Ранҷбар чоп шудааст. Китобро Ҷумъахони Сайдалӣ аз хати форсӣ ба крилӣ баргардон ва аз

Салима Раҷабзода: Китобхонаи миллӣ барои баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 5 толори хонишро ҷудо кардааст

Аввали ҳафтаи оянда даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» баргузор мешавад ва чун озмуни гузашта даври ниҳоӣ боз ҳам дар Китобхонаи миллӣ мегузарад. Озмуни имсола аз гузашта фарқиятҳо дорад ва бо назардошти таҷрибаи порсола Китобхонаи миллӣ барои бе ягон камбудиву монеъ гузаштани он талоши бештар кардаву омодагиҳои зиёдтар гирифтааст. Суҳбати мо бо муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода атрофи ҳамин масъала буд.

- Лутфан бигўед, ки омодагиҳо ба баргузории озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» дар кадом сатҳ аст? 

Страницы