чорабиниҳои фарҳангӣ

«Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст». Рақобат идома дорад

Дар охирин рӯзҳое, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»  идома дорад, дар номинаи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосир» то ин лаҳзаҳо 4 нафар довталабон аз шаҳри Душанбе пурсида шуданд. Дар маҷмуъ аз пойтахти кишвар дар ин номина 15 нафар ширкат мекунанд. Дар ин лаҳзаҳои мавриди назар академик Абдуҷаббор Раҳмонзода вориди толор шуд ва дар баробари суолу ҷавоб бо довталаб Сабрина Муродова аз доварон хост то бо истифода аз фурсат ҳамаи довталабонро пурсанд, то касе дилмонда нашавад. Биниёмини Илҳом, хонандаи синфи 5 аз муассисиаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гуфт, ки барои омодагӣ  1200 мисраъ шеър, 29

Ганчҳои озмун. Дилбар Тошматова, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон, аз ноҳияи Рӯдакӣ.

​Ӯ мегӯяд тибқи талаботи озмун бояд на камтар аз 30 роман бошад, аммо ман 70 роман хондам. Мувофиқи муқаррарот бояд ҳар як довталаб на кам аз 20 ҳикояву новелла мутолеа намояд. Аммо ҳикояҳову  новеллаҳое, ки ман мутолиа кардам,  ҳудудан ба 200 мерасанд

Шурӯъ аз моҳи апрел ман ба озмун омодагии хешро мебинам. Ҳанӯз аз даврони мактабхон буданам бештар ба адабиёти давлатҳои ғарб шавқу рағбат доштам. Бештар мехостам бо адабиёти давлатҳои пешрафтаи дунё хусусан, Аврупову Амрико ошноӣ дошта бошам. Ва маҳз ҳамон меҳр буд, ки маро ба номинаи “Аз ёд кардану хондани осори адибони ҷаҳон” дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” овард. Ҳар боре, ки аз

Ганҷҳои озмун. Рухшона Бобошоҳзода, хонандаи синфи 11 аз деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод

Рухшона довталаб дар номинаи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик” мебошад ва соли дуюм аст, ки дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат мекунад. Вай мегӯяд, аз адибони муосири тоҷик зиёда аз 200 асари насрӣ хондааст, бештар аз 150 ғазал,  400 байт аз достонҳои мухталиф, зиёда аз 130 дубайтиву рубоӣ аз бар намудааст. 70 повест ва 40  роман,

Лайлои Шоҳназар: мехоҳам бо садҳо китоб дастрасӣ ба хазинаи маърифатро барои ҳамдеҳагонам осон гардонам

​Лайлои Шоҳназар хонандаи синфи 11, аз  мактаби таҳсилоти умумии рақами 73 ба номи Сармади деҳаи Марғедари ноҳияи Панҷекат аст. Ширкаткунанда дар номинаи адабиёти классик. Дар суҳбате, ки бо ӯ доштем, нахуст аз таассуроташ аз озмун суол кардем:

- Банда, дар номинатсияи адабиёти классик иштирок намудам. Ин рӯзи панҷум аст, ки ман

Аҷикулло Ҳусейнов: Духтаронро хононед, то дар зиндагӣ азоб накашанд!

Диққати маро ин марди солманди асобадаст аз рӯзҳои аввали оғози озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба худ ҷалб карда буд. Маҷруҳ буд, бо ду асо ҳаракат мекард. Аввалҳо гумон мекардам кадоме аз фарзандон ва ё наберагонаш аз ҷумлаи довталабонанд ва ӯ раҳбаладӣ мекунад. Аммо баъдан ман ӯро ҳар рӯз мушоҳида мекардам ва билохира ҳисси кунҷковӣ ғолиб омад ва шинос шудам. Ӯ Аҷикулло Ҳусейнов ном дошта, бархилофи тасаввури ман раҳнамои касе дар озмун набуд, балки худ яке аз ин довталабон маҳсуб мешуд.

Зодаи деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара аст. 65 сол дорад, соҳиби 7 фарзанд аст: 6 духтару 1 писар. Ҳамаи онҳо 

Ганҷҳои озмун. Боз яке аз хурдсолтаринҳо: Динара Кароматзода, ки 9 сол дорад

Яке дигар аз хурдсолтарин иштирокчӣ дар номинатсияи адабиёти классикӣ Динара Кароматзода аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аст, ки ҳамагӣ нуҳ сол дорад ва дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 ноҳияи Данғара дар синфи 3 юм таҳсил мекунад. Динара барои ширкат дар қисмати ниҳоии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар номинатсияи "Аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик" роҳхат гирифтааст.

Ӯ гарчанде хурсол аст, аммо 113 ғазал, 120 рубоӣ, 500 байт 

Страницы