чорабиниҳои фарҳангӣ

"Саройи Санг" - дастоварди адабиëти тоҷик"

Дар маърузаи ҳисоботии раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Низом Қосим романи "Саройи санг"-и Ато Мирхоҷа беҳтарин дастоварди насри панҷ соли тоҷик дониста шуд. Перомуни асари мазкур ду-се соли охир дар расонаҳои хабарӣ гуфтумонҳое ҳам сурат гирифтанд, ки аз пайдо гардидани асари тозаи хондание дар адабиëти муосири мо шаҳодат медиҳанд.

Дар муддати се соли ба нашр расидани романи мазкур дар бораи он адибону адабиëтшиносоне чун Саттор Турсун, Абдулҳамид Самадов, Гулназар, Шамсиддини Солеҳ, Ҳоким Қаландариëн, Суннатулло Ҷонбобоев, Сайфулло Маҳкамов,

Аввалин маҷмӯаи шеърҳои Иззатманди Саломиён дар шаҳри Хуҷанд чоп шуд

Нашриёти "Ношир"- и шаҳри Хуҷанд нахустин маҷмӯаи шеърҳои шоир Иззатманд Саломиёнро таҳти унвони "Қафаси санг" бо сарсухани Шоири Халқии Тоҷикистон ФАРЗОНА чоп кард. Фарзона менависад: "Забони шеъри Иззатманд нобу шодобу мубаррову мусаффост, забонест, ки бо равоиши латифи калимоташ, бо каррашмаҳои зебои ҳуруфаш, бо зарбу зарабони хушсавти овозаш дилҳоро рўшаниву ромишу саодат мебахшад. Забони шеъри ў, ки ҳолу ҳавои мўҳташами осори ниёгонро ҳифз кардааст, басе имрўзиву кунунист:

Фақат ба суръати мижгон задан ба сурати ту,

Дар ин фазои маҷозӣ ниҳам ҳазорон лайк. 

Муртазо Зайниддинзода: Ба мушоҳидаи мо теъдоди умумии забондонҳо дар озмуни имсола бештар буд.

Ин суҳбат як рӯз пеш аз анҷоми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир шуда буд ва ҳамсуҳбати мо профессор Муртазо Зайниддинзода ҳам талош кард вазъро ҳамон гунае таҳлил кунад, ки озмуни анҷомнашуда тақозо дорад. Яъне, ин суҳбат дар ҷараёни озмун доир шуд ва мо аз ғолибону муваффақҳо ва камбуду норасоиҳои озмун нагуфтем, чун ин мавзӯъ бояд баъди анҷом баҳс

Маҳфили «Ганҷи сухан» бо ширкати Баҳодур Неъматов ва ҳунармандони театри “Афсона”

​Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон маҳфили ҳармоҳаи «Ганҷи сухан» бо ширкати ҳунармандони театри бачагонаи «Афсона» ва Ҳунарпешаи  шоистаи Тоҷикистон Баҳодур Неъматов баргузор шуд. Ин мулоқоти хотирмон ба Рӯзи байналмилалии маъюбон

Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба анҷом расид. Шоҳҷоиза насиби Раъно Насриддинова шуд

Ҳеч гузорише беҳтар аз суратгузориш нест. Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар як суратгузоришест, ки қисман аз саҳифаҳои иҷтимоӣ гулчин шуд, вале қисмати асосии онро аз гузориши дафтари матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки махсус барои расонаҳо таҳия шуда буд, гирифтем. Сипос ба ҳамкасбони мо аз дафтари матуботии Вазорати маориф ва бахусус ба

Ато Мирхоҷа: Хонаи ман он қадар китоб дорад, ки маҷбур шудам, баъзеяшонро коргоҳам барам

​Дар охирин рӯзи озмуни ҷумҳуриявии  «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» Бо Муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири шинохта Ато Мирхоҷа ҳамсуҳбат шудем. Ва табиист, ки суҳбати мо аввал дар атрофи озмун буд ва баъд дар атрофи масоили дигаре, ки он ҳам ба китобу китобхонӣ иртибот дошт, ҷараён гирифт.

- Бардошти Шумо аз озмун? Он чӣ хоҳад дод?

- Озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ба як маъракаи бисёр муҳими фарҳангӣ табдил ёфт. Ман фикр мекунам баъди 2-3 сол маърифати ин озмунро хубтар дарк мекунем, ки дар васеъ

Страницы