чорабиниҳои фарҳангӣ

Парвози руҳи Мавлоно дар маҳфили “Оламафрӯз”-и Китобхонаи миллӣ

Маҳфили адабиву фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо номи “Оламафрӯз”, ки баъд аз зуҳри рӯзи 12 ноябр баргузор гардид, яке аз хотирмонтарин чорабиниҳои ҳафтаи охир буд. Маҳфилоро шоири шинохта Хайрандеш ва базморо ҳунарманди маъруфи кишвар Қурбоналӣ Раҳмон буд, ки бо таронаҳои нобаш аз ғазалҳои Мавлоно Мавлавии Балхӣ хотири ширкаткунандагонро шод кард. Ва худи маҳфил асосан бӯйи Мавлоно мекард, чун суҳбат атрофи ғазалҳои ин ошиқи шӯрида ва ин сухансарои варзида мерафт.
“Оламафрӯз” тибқи тарҳи пешниҳодӣ ҳар моҳ як маротиба, ҳар панҷшанбеи дуюм бо ширкати ҷамъе аз дӯстдорони каломи бадеъ, устодони донишгоҳҳо, шогирдон, хонандагон ва кормандони Китобхона баргузор мешавад.

“Биёед китобхона меравем-2”

Толори  “Ошёни булбулон”- и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бори дигар пур аз толибони китоб шуд. Ин бор ба даъвати “Биёед китобхона меравем”-ро устодону донишҷўёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон пазируфтанд.
Чорабинӣ бахшида ба  рӯзи Кониститутсия (Сарқонун) доир шуд. Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода дар сухани ифтитоҳии худ аз торихи Сарқонун ва моҳияти он ҳарф зад.  

Биёед, ба китобхона меравем!

Ба Китобхона чаро равем?
Шояд дирӯз ин соуол дар сари бисёриҳо чархид. Наврасону ҷавононе, ки по ба остонаи Китобхонаи миллӣ мегузоштанд ва иддае, ки шояд бори аввал даъватро пазируфтаву омода буданд, шояд мепурсиданд аз худ, ки чаро онҳо бояд ба китобхона раванд, дар ҳоле, ки ин шаҳр пур аз дискоклубу боғҳои истироҳатист.
Баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбе даромадгоҳи Китобхонаи миллӣ пур аз одам шуд. Ба даъвати

Чорабиниҳои фарҳангии Китобхона дар нуҳ моҳи соли 2015

Дар Китобхонаи миллӣ  давоми нўҳ  моҳи соли равон чорабиниҳои зерин баргузор гардид.
   28.01.2015. Семинар оид ба муҳокимаи лоиҳаи “Таҳкими иштироки бахши хусусӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ-техникии Тоҷикистон”, бо ташаббуси Бонки Рушди Осиё.
 29.01 2015. Гуфтугў аз тариқи Скайп бо номи “Мо толиби сулҳем”, бо ҳамдастии Бунёди хайриявии “Маркази таълимии Самира”
13.02.2015.Маҳфили «Фарҳанги оиладорӣ” дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон рўнамоии китоби Дилафрўзи Қурбонӣ “Розҳои оиладорӣ”

Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ

Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолияти худро дар асоси Оинномаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», ки  бо фармоиши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 феврали соли 2012, №2  тасдиқ карда шудааст, ба роҳ мемонад.

Вазифаҳои асосии Шуъба:

Страницы