Ҳамоиши байналмилалии гиромидошти 575-солагии мавлуди Алишери Навоӣ, шоир, мутафаккир ва сиёсатмадори турктабори замони Темуриён имрӯз бо ширкати ҷамъе аз шоирон, олимон, рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон, Туркия, Ҳинд ва Покистон дар кохи Раёсати ҷумҳурии Афғонистон ифтитоҳ шуд. Хабаргузориҳо мегӯянд аввалин рӯзи ҳамоиш дар Арки Раёсати ҷумҳурии
Профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон зимни як суханронӣ аз тариқи барномаи Субҳ-и шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар бораи забон, омилҳои рушди он, мақоми забони тоҷикӣ аз замони Сомониён то даврони Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ кард.
Суҳбати комили профессор Назарзодаро метавонед аз ин ҷо дарёфт кунед.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон тибқи анъанаи қадима сар аз аввали моҳи апрел ба низоми тобистонии хизматрасонӣ гузашт.
Акнун дарҳои он ҳамарӯза аз соати 08:00 субҳ то 22:00 ба рӯйи хонандагонаш боз аст.
Ташриф биёред, аз ҳузуратон шод хоҳем буд.
АНДАРЗИ КИТОБ ВА ДОНИШ
Абдуҷаббор Раҳмонзода Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз зинаи сеюми таҳсил дур мондани духтарон дар кишварро масъалаи ҷиддӣ донист.
Ёвари Президенти Тоҷикистон, ки имрз дар конфронси ҷумҳуриявии «Соли оила- идомабахши сиёсати меҳварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи зан ва оила» дар Китобхонаи миллӣ суханронӣ мекард, гуфт: «Як масъалаи ҷиддие, ки бояд
Силсилачорабиниҳои Китобхонаи миллӣ дар муносибати Наврӯзи байналмилалӣ.
Гузориши тасвирӣ аз ҷараёни таҷлили Наврӯз дар Китобхонаи миллӣ. Расмҳо гӯяндаи муҳтавои ин силсилачорабиниҳоянд.
Симпозиуми илмии байналмилалӣ бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки имрӯз дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, суннатҳои ҷомеасозиву инсонсозии ин оини ниёконро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ин Симпозиум донишмандону муҳаққиқони 15 кишвари ҷаҳон иштирок ва суханронӣ намуда, нақши Наврӯзи ҷаҳониро дар таҳкими ҳамзистии осоишта, дӯстиву рафоқат, ваҳдат ва дигар арзишҳои бузурги инсонӣ муҳим арзёбӣ намуданд.