чорабиниҳои фарҳангӣ

Диққат озмун: Китобхони беҳтарини сол кист?

Ба ин савол метавон моҳи сентябри соли равон посух дарёфт кард. Ин озмунест, ки ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Китобхонаи миллӣ эълон кардааст. Озмун рӯзи 4-уми сентябр, ки Рӯзи ҷумҳуриявии китоб аст, ҷамъбаст мегардад ва ғолибонаш дар осонаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба туҳфаҳои хотиравии Китобхонаи миллӣ сарфароз гардонда мешаванд. Дар озмун се ҷойи ифтихорӣ таъин шудааст ва касоне шоистаи он хоҳанд буд,

Хатари терроризм ва амнияти миллӣ: чаро ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ҷалб мешаванд?

Муҳтавои аслии Конфронси “Омилҳои тамоюли ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои экстремистию террористӣ”, ки баъд аз зуҳри дирӯз бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, посухи ҳамин савол буд. Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов оид ба хатари терроризм ва тамоюли гаравиши ҷавонон ба созмонҳои мамнўъи террористиву экстремистӣ ибрози назар намуд. Вай яке аз ин сабабҳоро

Баҳси оила дар Конфронсе дар Китобхонаи миллӣ

Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони  «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи занону модарон дар даврони Истиқлолият» рӯзе қабл дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Ташкилкунандагонаш мегӯянд Конфронсро дар доираи барномаҳои қаблан тарҳрезишудаи Соли оила баргузор карданд ва ҳадаф  баррасии нақши муассири Пешвои миллат дар таҳкими мавқеъ ва

"Русияи муосир чӣ мехонад?"

     Таҳти ҳамин унвон субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиш-муаррифии китобу китобхона дар Русия баргузор шуд. Ташкилкунандагони ин намоиш мегӯянд чорабинӣ дар доираи Фармони президенти Русия Владимир Путин доир мешавад, ки соли 2015-ро дар ин кишвар соли адабиёт номида буд. Ин барномаест, ки аз сармояи барои грантҳои вижа ҷудокардаи ҳукумати Русия амалӣ мегардад.   

Чорабиниҳои фарҳангии Китобхона дар соли 2015


Дар Китобхонаи миллӣ  дар давоми  соли  2015-ум 95  чорабинӣ баргузор гардид, ки нисбат ба соли 2014-ум 13-то зиёд аст.
Дар мавриди чорабиниҳои 9 моҳи аввал метавонед аз ин ҷо бихонед.
чорабиниҳои 9 моҳи аввал

Ва дар семоҳи охир:

Афзоиши бесобиқаи хонандагон дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ

Даҳаи аввали моҳи январ теъдоди хонандагон дар ҳамаи толорҳои хониши
Китобхонаи миллӣ афзоиши бесобиқа доштааст.
     Танҳо дар рӯзи шанбеи гузашта 1575 нафар вориди китобхона шуданд. Ба ҳадде буд, ки баъзе толорҳо ҷойи нишаст надоштанд.
     Танҳо дар толори адабиёти хориҷӣ бештар аз 100 нафар то зуҳри рӯзи шанбе ворид шуданд. Толори хониши электронӣ мизбони 405 хонанда, толори хониш пазирои 427, феҳрастнигорӣ 170,

Страницы