Чорабиниҳои фарҳангии Китобхона дар соли 2015


Дар Китобхонаи миллӣ  дар давоми  соли  2015-ум 95  чорабинӣ баргузор гардид, ки нисбат ба соли 2014-ум 13-то зиёд аст.
Дар мавриди чорабиниҳои 9 моҳи аввал метавонед аз ин ҷо бихонед.
чорабиниҳои 9 моҳи аввал

Ва дар семоҳи охир:

06.10.2015. Ҷорабинии фарҳангӣ бахшида ба “Рўзи забони давлатӣ” таҳти унвони  “Забонро беолоиш нигоҳ медорем”.
14.10.2015. Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони  “Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор”.
16.10.2015. Конференсияи байналмилалии “Рўзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
22.10.2015. Ҷаласаи 14-уми Комисияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмўи масъалаҳои дуҷониба.
30.10.2015. Ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои  кишварҳои аъзои ИДМ.
04.11.2015. Ҳамоиши илмӣ-оммавӣ бахшида ба рўзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери унвони “Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат”.
05.11.2015. Ҷаласаи чоруми “Кумитаи ҳамкории байнипарлмуонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо”.
12.11.2015. Маҳфили нахустини телевизионии “Оламафрўз”.
16-20. 11.2015. Семинари амалии минтақавӣ оид ба истифодаи воситаҳои муҳандисию техникӣ дар корҳои барқарорсозии муҳити зист бо иштироки 24 кишвар.
18.11.2015. Форуми байналмилалии соҳибкории ташкилоти ҷамъиятии “Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон”.
18.11.2015. Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ҷойгоҳи библиография дар шароити ҷаҳонишавии итилоот” ба ифтихори 80 солагии китобшиноси маъруфи тоҷик Раҳимҷони Шарифзода.
20.11.2015. Семинари чумхуриявӣ дар мавзўи “Идоракунии самараноки чарогоҳҳо ва рушди устувори чорводорӣ; проблемаҳо, дастовардҳо ва нигоҳ ба ояндаи соҳа”.
20.11.2015. Мизи мудаввар дар мавзўи “Муаррифии ҳисобот оид ба натиҷаҳои санҷиши моделии ёрии ҳуқуқи аввалияи ройгон”.
21.11.2015. Семинари илмӣ-таълимӣ бахшида ба рўзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ливои зафар”.
25.11.2015. Конференсияи ҷумҳуриявии Кумитаи рушди маҳал дар мавзўи “Роҳҳои татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар ҶТ барои давраи то соли 2030”.
27.11.2015. Конференсияи байналмилалии ЮНИСЕФ дар мавзўи “Муаррифии барномаи таълимии журналистика ва ҳуқуқи кўдак”.
27.11.2015. Конференсияи илмӣ-амалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи “Масоили мубрами ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии ҶТ”.
07.12.2015. Ҷаласаи Шўрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи мукофтопулиҳои Ҷоизаи Президенти ҶТ ва ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ.
11.12.2015. Озмуни “Дастони моҳир” бахшида ба Соли оила.
17.12.2015. Маҳфили телевизионии “Оламафрўз”.
25.12.2015. Бахшида ба Соли оила чорабинии “Ман оилаамро дўст медорам”.
25.12.2015. Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии КВД “Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе” таҳти унвони “Созмони Ҳамкории Шанхай ва ҷавонон: ташаббуси созандаи Пешвои миллат”.
26.12.2015. Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии Фонди “Диалоги Авруосиё” дар мавзўи “Тероризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ва роҳҳои пешгирии он”.
30.12.2015. Ҳамоиш бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”.

  Илова бар ин дар Китобхона маҳфили адабии  “Ҳамешабаҳор” амал мекунад, ки дар давоми  соли ҷорӣ 23  маротиба ва чорабинии таблиғотӣ таҳти унвони  “Биёед, ба Китобхона равем” 3 маротиба баргузор гардид.

   Ҷалби васоити ахбори  омма ба тарғиб ва ташвиқи чорабиниҳои баргузоргардида  яке аз самтҳои фаъолияти  Китобхона  мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ чорабиниҳои гузаронидашуда   (79 чорабинӣ)  тавассути шабакаҳои телевизионии “Шабакаи аввал” , ТВ “Сафина”,  ТВ “Баҳористон” ва  ТВ  “Ҷаҳоннамо” тарғиб  карда шуданд.

    Як бахши дигари фаъолият гузаронидани экскурсия дар дохили Китобхона ба ҳисоб меравад. Метавон гуфт, экскурсия барои тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ дар байни хонандагони макотиби миёна ва аҳолии мамлакат манфиати махсуси фарҳангӣ дорад. Дар давоми соли 2015   барои намояндагони корпуси дипломатӣ, меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва донишҷўёну мактаббачагон  445  экскурсия -дар маҷмўъ ба 5689  нафар меҳмонон  дар дохили Китобхона саёҳат ташкил карда шуд, ки нисбат ба  соли 2014-ум 246  экскурсия ва  2910 нафар меҳмон зиёдтар аст. 

Ба намоиш  гузоштани  китобҳои тозанашр ва мавзўӣ аз  ҷониби шуъбаҳои дахлдор пайгирона амалӣ карда мешавад. Дар соли  2015-ум  19  намоишҳои китобӣ ташкил ва зиёда  аз 600  нусха  китобҳои пурмуҳтаво ба намоиш гузошта шуд, ки аз соли  2014-ум  2 намоиш зиёд аст.

1. Бахшида ба ифтихори ҷашни “Рўзи модар” дар толори шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.
2. Бахшида ба 150-солагии зодрўзи Нақибхон Туғрал.
3. Бахшида ба “Соли оила” дар толори шуъбаи тарғиб  ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.
4. Бахшида ба “Иди Наврўз”.
5. Бахшида ба “Наврўзи ҷаҳонӣ”.
6. Бахшида ба “Рўзи гиромидошти хотираи Садриддин Айнӣ -     асосгузори адабиёти муосири тоҷик”.
7. Бахшида ба 530-солагии зодрўзи “Зайниддин Маҳмуди    Восифӣ шоир,  муаррихи форс-тоҷик”.
8. Бахшида ба 70 –солагии “Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ”.
9. Бахшида ба “Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон”.
10. Бахшида ба  «110 - солагии Брагинский И. С.» .
11. Намоиши китобӣ дар мавзўи “Тоҷикони Афғонистон ва саҳми онҳо дар таърихи Афғонистон”.        
12. Бахшида ба “Рўзи Ваҳдати миллӣ”.
13. Бахшида ба “Рўзи Рўдакӣ”.
14. Бахшида ба “Рўзи забони тоҷикӣ”.    
15. Бахшида ба “Рўзи забони тоҷикӣ”.
16. Бахшида ба “Рўзи гиромидошти А. Лоҳутӣ”.
17. Бахшида ба “Рўзи гиромидошти   Саъдии Шерозӣ”.
18. Бахшида ба “Рўзи Парчами давлатӣ”.
19. Бахшида ба “Соли оила”.