Дар остонаи ҷашни Наврӯз руҷуъе доштем ба чанд суханронии ахири Пешвои миллат, Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таърих ва суннатҳои аҷдодии Наврӯзи оламафрӯз.
Ва ин чанд сатри мухтасарро баргузидем, ки ҳам ҳикматомезанду пандомӯз ва ҳам дархӯри ҳар давру замон. Суханҳое, ки куҳнагӣ надоранд: чӣ имрӯз бихонӣ ва чӣ сад сол баъд.
Назри Яздонӣ
*** БАЗМИ ХУСРАВОНӢ ***
Дар чорзарби тундар,
Дастури навбаҳорист.
Айёми дилситонӣ,
Айёми дилсупорист.
Ангезаи муҳаббат,
Дар чаҳ-чаҳи ҳазор аст.
Дар ғул-ғули канорӣ,
Дар ишваи нигор аст.
Чун анъанаи дерин дирӯз, якшанбе, 13-уми март кормандони Китобхонаи миллӣ сари кор омаданд ва даст ба поккории атрофи Китобхона, нарм кардани бехи ниҳолҳо, тоза кардани ҷӯйборҳо, рубучини утоқу роҳравҳо заданд. Ин танҳо як омодагӣ ба истиқболи баҳору Наврӯз набуд, ин як анъанаи деринест, ки ҳар моҳ баргузор мешавад. Ва ҳадаф поку озода нигоҳ доштани ин боргоҳи маърифат аст.
Рудобаи Мукаррам, шоираи ҷавон баъди зуҳри рӯзи ҷумъа дар Китобхонаи миллӣ бо хонандагон ва кормандони Китобхона дидор кард ва як маҳфили шеъру суруд баргузор намуд.
Ин маҳфил бо талоши Шуъбаи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ доир шуд ва аз силсилаи чорабиниҳои тарҳрезишуда ба истиқболи ҷашни Наврӯз буд.
Маҳфил бо сухани ифтитоҳии Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода
Ҳамоиш бахшида ба рӯзи Модар, ки баъди зуҳри имрӯз дар Китобхонаи миллӣ доир шуд, “Зан оинаи зиндагӣ ва чароғи рўзгор” ном дошт. Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ занро зиндагиофарин хонд. Вай зимни табрики бонувон ба ин рӯзи сайид иброз дошт, ки занон шоистаи беҳтарин таманниётанд. Директори Китобхонаи миллӣ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоимиллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Рӯзи корӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз аз тоза кардани атрофи бино Китобхона оғоз шуд. Ҳадаф омодагӣ ба истиқболи баҳор аст, ки ҳамакнун ба диёри мо қадам мегузорад. Кормандон бехи дарахтонро нарм карданд, заминҳоро побел намуданд, аз гиёҳҳои хушкшуда тоза карданд ва ҷӯйборҳоро ҳам омодаи об ба ниҳолҳои навбар намуданд. Ин чанд акс аз ин талошҳост.