Субҳи имрӯз, 27 -уми феврал дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси илмии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон -Пешвои миллат ва нақши таърихии ў дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии миллат» доир гардид. Конфронс ба муносибати қабул гардидани қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» бо ташаббуси созмони ҷамъиятӣ ва байналмилалии фонди «Диалоги АвруОсиё» баргузор шуд.
26 феврали соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ перомуни тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, сардорони шуъбаву бахшҳо ва кормандони шуъбаҳо иштирок намуданд. Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода тағйиру иловаҳо ба қонуни асосиро, ки тибқи
Дирӯз роҳбарону кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар атрофи Китобхона чандин бех ниҳол шинонданд ва бо ин васила аз фарорасии баҳори сабз истиқбол карданд. Ин маърака, ки дирӯз бо ҳузури Пешвои миллат, Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикитон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд, дар сар то сари кишвар чун паёми аввали баҳор дастгирӣ ёфт ва ҳамвора хабару гузоришот аз гӯшаву канор мерасанд, ки ривоятгари истиқболи гарми...
Бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ, баъд аз зуҳри рӯзи 18-уми феврал дар “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ мулоқоти афсарон ва сарбозон бо ҷавонон зери унвони «Ватанро посбонем» доир гардид. Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сухани ифтитоҳии худ зимни табрики сарбозону афсарон ба фархундарӯзи Артиши миллӣ, артишро як рукни муҳими
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии “Интернатсионализм -таҷассумгари дўстию осоиштагӣ, омили асосии мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва тундгароии динӣ” баргузор шуд. Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сухани муқаддимотии худ иброз дошт, ки интернатсионализм истилоҳест, ки аз дӯстиву ваҳдат миёни миллатҳо ва қавмҳои мухталиф ҳикоят мекунад ва он ҷое миллатҳо бо