Рӯзи 22-май, яъне ҳамагӣ ду рӯз баъд дар кишвар барои тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ доир мешавад.
Он ки ин ҳамапурсии сарнавиштсоз аст, қобили баҳс нест. Мардуми закӣ ва хушфаҳми мо зарурати таърихии ин иқдомро ба хубӣ дарк кардаанд ва ин аз баёни назароташон дар саҳифаҳои матбуот пайдост.
Кормандони Китобхонаи миллӣ дар ҷаласае, ки субҳи рӯзи шанбе доир карданд, райъпурсиро талаби замон номиданд ва гуфтанд, ки он ба хотири таҳкими давлатдории тоҷик роҳандозӣ мешавад.
Сардори Маркази иттилооти ҳуқуқи Китобхонаи миллӣ Мушарраф Ёсинзода, ки дар мавриди зарурати тағйироти иловаҳо ба Конститутсия суханронӣ кард, аз ҷумла гуфт, ки Тоҷикистон дар сеюмин даҳаи истиқлолияти худ гом мезанад ва дар ин давра таҳаввулоти азими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва имтиҳонҳои зиёди амниятӣ ба вуҷуд омадааст.
Гурӯҳи меҳмонони тоҷик, ки барои ширкат дар 29 - умин Намоишгоҳи байналхалқии китоби Теҳрон даъват шудаанд, аз қароргоҳи Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) боздид намуданд.
Бино ба гуфтаи Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО дар ибтидои ин нишаст Неъматулло Эмомзода - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Раиси давраии Шӯрои намояндагони доимии Муассисаи
Дуюмин рӯз аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзӯи «САSA-1000 ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавии энергетикӣ» ба анҷом расид. Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди иштирокдорони он сухан гуфта, зикр намуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки камбуди нерӯи барқ дар мавсими сармо ба танзим даромада, рушди устувори соҳаи энергетика ба роҳ монда шавад.
Кормандони мубориза бо сӯхтор як сенариёи рамзии хомӯш кардани сӯхтор дар як толори китоби Китобхонаи миллиро тамрин карданд.
Ҳафтаи равон тибқи нақшаи хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як машғулияти тактикии оташнишонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид. Мувофиқи сенарияи чорабинии мазкур гӯё дар яке аз толорҳои хониши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар масоҳати 140
Аз охирин сарнавишти қаҳрамони ин қисса касе чизе намедонад. Ва муаллиф дар ин даҳ соли охир бори дуюм аст, ки аз ӯ ҳикоят мекунад. Дар ҳикояти аввал яқинан ӯ зинда буд. Вале ҳоло қисмати номаълуме дорад ва ҳадаф аз чопи очерк пайдо кардани иттилои дақиқ дар бораи ӯст.
Шояд даҳ баҳор аст, ки ӯ низ қатори даҳҳо нафар аз кормандони ин китобхона тарки Ватан кардааст. Людмила Михайловна Рижева, ки солҳо сардори