САSA-1000: Дуюмин рӯзи ҳамоиши байналмилалӣ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2016-05-12 17:10
Дуюмин рӯз аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзӯи «САSA-1000 ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавии энергетикӣ» ба анҷом расид. Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди иштирокдорони он сухан гуфта, зикр намуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки камбуди нерӯи барқ дар мавсими сармо ба танзим даромада, рушди устувори соҳаи энергетика ба роҳ монда шавад.
Ин дар навбати худ воситаи воқеӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушд, аз ҷумла истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон хоҳад гардид.
Зимни суханронӣ дар ҳамоиш хонум Аннет Диксон, муовини Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, Даниел Розенблум, мушовири котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ ва хонум Тизиана Бонапасе, роҳбари Дафтари минтақавии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором лоиҳаи «CASA-1000»-ро, ки пагоҳ дар Душанбе маросими расмии татбиқи он бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Раиси Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков баргузор мегардад, табрик гуфта, онро қадами устувор дар роҳи истиқлолияти энергеткии Тоҷикистон, ҳамчунин рушди кишварҳои минтақа арзёбӣ намуданд.
Пешвои миллат: “Энергетика зербинои асосии рушди устувори иқтисод аст...”
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими расмии оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 зимни суханронӣ энергетикаро зербинои асосии рушди устувори иқтисод арзёбӣ намуд.
Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги ҳанӯз истифоданашудаи гидроэнергетикӣ- манбаи барқароршавандаи тавлиди неруи барқ мебошад. Иқтидорҳои истеҳсолии ин захираҳо беш аз 527 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳанд ва дар айни замон танҳо панҷ фоизи онҳо ба кор бурда мешавад.
«Мо мехоҳем ин имкониятҳои азимро на танҳо ба нафъи худ, балки кулли минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода барем.
Бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикии кишвар — мо масъалаи рушди устувори соҳаи энергетикаро мавриди пайгирии пайваста қарор додаем.
Дар ин замина, тайи солҳои охир аз ҷониби мо, бо назардошти риояи тавозуни манфиатҳои милливу минтақавӣ як қатор лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ таҳия шудаанд, ки ба зиёд кардани ҳаҷми тавлиди неруи барқ ва тавсеаи шабакаҳои интиқоли он нигаронида шудаанд»,- иброз намуд Пешвои миллат.
Вай ҳамчунин тазаккур дод, ки «Лоиҳаи CASA -1000 ба ҳайси нахустин тарҳи байниминтақавӣ аз нуқтаи назари ҳуқуқиву молиявӣ комил ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалист».
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки кишварҳои иштирокдор дар татбиқи тарҳи CASA -1000 мавқеи устувор дошта, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд қодиранд тамоми мушкилоти вобаста ба раванди татбиқи онро ҳалл намоянд. Ба таъкиди Пешвои миллат ин лоиҳа ҳам аз нигоҳи татбиқи меъёрҳои тиҷоратӣ ва ҳам аз лиҳози истифодаи воситаҳои технологӣ беҳамтост.
«Тарҳи CASA-1000 аз лиҳози коҳиш додани таъсири манфии партовҳои истеҳсолӣ ба муҳит созгори ҳадафҳои Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим дар мавриди дастрасӣ ба манбаъҳои алтернативии энергия мебошад»,-гуфт ӯ.
аз назари Пешвои миллат “татбиқи лоиҳаи мазкур ба рушди тиҷорату истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ такони тоза бахшида, амнияти энергетикиро дар минтақа таъмин хоҳад кард».
Маврид ба ёдоварист, ки имрӯз, 12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 асос гузошта шуд.