Дар дуюмин рӯзи “Дарҳои боз” дар Китобхонаи миллӣ садҳо нафар вориди ин кохи маърифату ҳикмат шуданд. Аксари онҳо донишҷӯёни соли аввали Донишгоҳҳои пойтахти кишвар, хонандагони мактабҳои миёна ва дигар сокинони пойтахт буданд.
Кормандони Китобхонаи миллӣ ба касоне, ки мехостанд толорҳои хонишро тамошо кунанд ва бо ҷараёни кор дар ин китобхона ва дарёфти китобҳо ошно шаванд, кумак мерасониданд.
Ва боз омад моҳи сентябр ва моҳи оғози фасли дониш. Донишгоҳҳо, мактабҳо баъди танаффузи семоҳа дарҳои худро ба рӯйи донишомӯзон боз карданд. Ва имрӯз дар сар то сари кишвар аввалин рӯзи оғози соли нави хониш буд. Омадани ин рӯз ба ҳамагон хуҷаста бод!
Мебояд дар ситоиши ин рӯз зиёд ҳарф зад, чун рӯзи вуруд ба остонаи боргоҳҳои дониш аст, аз ин вуруд хирад меафзояд, дониш бой мешавад.
Дар ин рӯз ҳазорон нафар бори аввал по ба остонаи мактаб мениҳанд ва бори аввал китоби
Қабл аз зуҳри 18 - уми августи соли равон дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ маҳфили адабии “Дар суҳбати адиб” баргузор шуд, ки дар он Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва овозхони маъруфи кишвар Шўҳрат Сайнаков ширкат карданд. Ин чорабинӣ ба истиқболи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ доир шуд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон,
Кормандони Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар чаҳор самт фаъолият мебаранд. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти кори шуъба ин саёҳат дар дохили Китобхона мебошад. Яъне, тарғиби фаъолияти китобхона тавассути ВАО, сайёҳат бо пешниҳоди маълумот барои меҳмонон дар дохили китобхона, ташкил ва мусоидат дар баргузории кулли чорабиниҳо ва ташкили намоиши китобҳо дар мавзўҳои мухталиф мебошад. Бояд зикр намоем, ки дар як сол ду маротиба дарҳои боз дар Китобхона доир мегардад. Дар ин вақт кормандони шуъба бо ёрии дигар кормандон меҳмононро ба гуруҳҳо тақсим намуда, ба онҳо китобхона ва шуъбаҳои онро нишон медиҳанд.