чорабиниҳои фарҳангӣ

Баргузории мизи мудаввар дар ҳошияи паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи имрӯз, шанбе, 14-уми январ бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандони шуъбаи нигаҳдории китоб ва тармими ҳуҷҷатҳо таҳти унвони «Паём–роҳнамои имрўзу фардо» мизи мудаввар дар ҳошияи паёми Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ имрӯз

Аз субҳи имрӯз, 5-уми январ ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ пур аз хонандагон буд. Аз сӯйе таътили мактаббачагон онҳоро ба китобхона кашидааст ва ҷониби дигар ин донишҷӯёни макотиби олии кишваранд, ки ба имтиҳонҳои нимсола омодагӣ мегиранд.
Аксҳои ҳамкорамон Хусрави Милод гузорише мебошанд аз чандин толорҳои хониш, ки мебинед.

Намоиши китоб: "Об барои рушди устувор"

Дар Паёми охирини худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат ба обрӯи байналмилалии кишвар ишора кард ва фармуд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.
Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави

Дар Китобхонаи миллӣ Паёми солонаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро шуниданд

“Масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату

Нусрату шоҳӣ аз китоб...!

Бо вуҷуди сардии беш аз ҳадди интизори ҳаво ин ҳафта низ тибқи барномаи аз қабл тарҳрезишуда даъват ба китоб ва Китобхона идома дошт.
Кормандони шуъбаҳои равобити байналмилалӣ, автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ ва нигоҳдории рисолаҳои илмӣ ба Муассисаҳои таҳсилоти умумии № 81, 82, 86, 87, 88, 90, 91-и шаҳри Душанбе

Ҳашари барфрӯбӣ дар Китобхонаи миллӣ

Барфи лак-лакии ду рӯзи пеш ва  бахусус  рӯзи гузашта Душанбеи зеборо комил пӯшид. Китобхонаи миллӣ низ субҳи рӯзи шанберо бо роҳҳои пурбарфу ҷодаҳои барфпӯш истиқбол кард.
Аз сари субҳ ҳамаи кормандони Китобхона бо шумули роҳбарони он дар даст белу ҷорӯб ба барфрӯбӣ шуруъ карданд ва то замоне, ки аввалин хонанда ба ин боргоҳи маърифат қадам ранҷа кунад, ҷодаҳоро пура тоза карданд, атрофи китобхонаро омода ба вуруди хонанда 

 

Страницы