Дар ободонии сабзазори паси бинои Китобхонаи миллӣ аз субҳи имрӯз аксари кормандони Китобхона ҷалб шуданд. Мардом заминҳоро побел карданду бехи ниҳолҳоро нарм намуданд.
Бонувон бошанд хасрубаҳои хушкро аз рӯи сабзаҳо берун кашиданд, заминро аз ҳар гуна сангу кулух ва гиёҳҳои хушкида тоза намуданд.
Рӯзҳои ободонӣ, ки аз вуруди баҳору остонаи Наврӯз шуруъ шуда буданд, ҳамвора идома доранд.
Имрӯз шояд пурбортарин рӯз дар ободонии саҳни Китобхонаи миллӣ буд. Душанбе, ки рӯзи истироҳат барои кормандони китобохона аст, вале ҳамагӣ аз сари субҳ ҷамъ омаданд ва ба корҳои аз дирӯзу рӯзҳои қабл боқимонда идома доданд.
Паси бино собиқ кинотеатри ба номи Ҷомӣ, ки ҳоло баъди аз миён рафтанаш ба як майдони васеъи замини холӣ табдил шудааст, акнун омодаи ба сабзазор бадал шудан аст.
Кормнадони Китобхона имрӯз ҳама саҳни онро
Аз субҳи имрӯз қариб ҳамаи кормандони Китобхонаи миллӣ сари кор ҳозир шуданд. Имрӯз ҳам яке аз рӯзҳои ободонии атрофи Китобхона буд.
Онҳо заминҳои қисмати паси биноро побел карданд, бехи ниҳолҳоро нарм намуданд ва сангпораҳоро чидаву заминҳоро барои сабзазор кардан омода сохтанд.
Ҳар рӯзи баҳорӣ барои кормандони Китобхонаи миллӣ рӯзи ободониву сабзгардонӣ аст. Ин рӯзҳо ҳоло идома хоҳанд ёфт, то замоне, ки атроф ба
Побели қитъаи замин, нармсозии бехи ниҳолҳо, чидани сангрезаҳо аз замин ҳосили заҳматҳои рӯзи якшанбе ва имрӯз - душанбеи кормандони Китобхонаи миллӣ будааст.
Рӯзҳои тозагиву низофат ва кабудизоркунии атроф як анъанаи дерини баҳорист. Чун баҳор худ рамзи покиву низофат аст, рамзи сарсабзиву хуррамист.
Дар ин фасли зебо, ки бидуни шак арӯси солаш меномем, бо ҳамин низофату покиаш зебост, бо сабзаву гулаш зебост, бо дарахтони сарсабзу
Аввалин намоиши китоб бахшида ба солгарди Ваҳдати миллӣ бо бештар аз 100 нусха китоби нашри солҳои гуногун баъди зуҳри имрӯз дар толори хониш, воқеъ дар ошёнаи дуюми Китобхонаи миллӣ ифтитоҳ шуд.
Акнун хонандагон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд дар бораи Ваҳдати миллӣ матолиби тозанашру куҳнанашр бихонанд, метавонанд вориди ин намоишгоҳ шаванд ва хеле ба осонӣ китоби мавриди назари худро пайдо ва мутолиа намоянд.
Тибқи анъанаи рӯзҳои баҳор рӯзи шанбе ҳам кормандони Китобхонаи миллӣ ба тоза кардани атрофи бино ва нармкунии бехи драрахтону побел кардани заминҳо ҷалб шуданд.
Баҳор худ зебост ва инсонҳо ба ҳар навъе талош мекунанд ба ин зебоӣ зебоии дигар илова кунанд. Коре, ки имрӯз анҷом гирифт, идомаи корҳои рӯзҳои қаблӣ буд. Яъне, побели заминҳо ва нарм кардани бехи ниҳолу дарахтон.
Кормандони Китобхонаи миллӣ имрӯз ҳам талош