чорабиниҳои фарҳангӣ

Бойгонии Китобхонаи миллӣ бо 319 адад китоби тиббӣ ғанӣ шуд

Китобхонаи миллӣ 319 адад китоби тиббиро аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба маблағи 29 ҳазору 505 сомонӣ харидорӣ кард. Ин китобҳо ҳоло барои истифода дар толори тиб ва табатшиносии Китобхона гузошта шудаанд.
Китобҳо бо ду забон: тоҷикӣ ва русианд. Аз ҷумла китобҳои  “Атлас анатомия человека” (иборат аз 4 ҷилд), “Биохимия”, “Лечение болезней внутренных органов” А.Н. Окороков, китобҳои

Саодати миллат дар Ваҳдат аст

Чунин ном дошт Конфронси илмӣ –оммавӣ, ки имрӯз  бахшида ба 20 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ баргузор шуд.

Конфронсро бо суханони муқаддимавӣ Директори  Китобхонаи  миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода ифтитоҳ кард. Вай ширкаткунандагонро ба муносибати ин санаи муҳим ва сарнавиштсоз табрик намуд. Сайфиддин Назарзода аз бист соли гузашта ёд кард ва гуфт 27-уми июни соли

Намоиши китоб: “Ваҳдат, Давлат, Президент”

Беш аз 40  нусха китобе, ки солҳои 1997-2017 дар мавзуъи сулҳу ваҳдат чоп шудаанд, гӯшае аз номоиши китоби Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии  Китобхонаи миллии Тоҷикистонро оро доданд.
Ин намоиши китоб имрӯз дар ҷараёни як конфронси илмӣ  оммавӣ бахшида ба ифтихори  Ваҳдати миллӣ  таҳти унвони «Ваҳдат, Давлат, Президент» роҳандозӣ шуд.

Панҷ номгӯ китоби Бобоҷон Икромов ба Китобхонаи миллӣ ворид шуд

Бобоҷон Икром-адиб ва рӯзноманигори саршиноси кишвар панҷ номгӯ китобҳои тозанашри худро ба Китобхонаи миллӣ эҳдо кард.
Рӯзи 15-уми июни соли равон ба шуъбаи такмили адабиёти Китобхонаи миллии Тоҷикистон 5 номгӯ китобҳои адиб ва рӯзноманигори шинохта, барандаи ҷоизаи байналмилалии «Зеҳни миллат», дорандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим

Ободонии рӯзҳои якшанбе ва душанбе дар Китобхонаи миллӣ

Рӯзи якшанбеи гузашта рӯзи дигари кор дар ҳотаи Китобхонаи миллӣ буд. Кормандон ин рӯзро ба нармкунии бехи гулу буттаву дарахтон ва обёрии сабзазори он сарф карданд.
Ҷӯйбори бар асари бодҳои парешон аз хасрӯбаҳо пуршударо тоза карданд ва ба он қисмат аз заминҳо, ки об ба мушкил меравад, бо сатилҳо об кашиданд ва гулҳоро обёрӣ карданд.
Рӯзи душанбе бошад рӯзи низофат буд. Дар ин рӯз чун анъанаи ҳар моҳ кори низофат дар дохили утоқҳои корӣ

Шанбеи ободкорӣ дар Китобхонаи миллӣ

Аз сари субҳ дар Китобхонаи миллӣ рӯзи ободкорӣ эълон шуд.
Баҳор ба поён мерасад ва тобистони гарм меояд. Агар гулҳоро хуб нигоҳубин накунанд, аз беобиву ташналабӣ хеле ба зудӣ пажмурда мешаванд.  Ва он талошҳои ободкориҳо дар гузашта ҳама баръабас мераванд.
Имрӯз зарур омад бештар бехи буттаву гул ва дарахтон об резанд. Оби ҷӯйбор на ба ҳама қисматҳо илоҷи рафтан дорад. Аз ин рӯ бо сатилҳо об овардану бехи гулу буттаҳо рехтан дозим шуд.

Страницы