чорабиниҳои фарҳангӣ

Рӯзи китобу маҳфили “Ҳамешабаҳор»

Маҳфили “Ҳамешабаҳор” аз Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ҳайати эҷодии нашрияи “Пайрав” бо ширкати Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ басо хубу хотирмон ва диданиву шуниданӣ гузашт.

Тавре пештар ҳам хабар дода будем, шоми 4  уми сентябри соли равон   дар саҳни Китобхонаи

Чорабинии тантанавӣ ба таҷлили «Ҳафтаи китоб» бахшида ба «Рӯзи китоб»

Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори «Рӯзи китоб» доир гардид.  

Директори Китобхонаи  миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода дар сухани ифтитоҳии худ ширкаткунандагонро бо 10 солагии гузоштани хишти асоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва

Рӯзи китоб, силсиланамоишҳои китоб ва Рӯзи дарҳои боз

Субҳи имрӯзи кормандони Китобхонаи миллӣ аз ташкили як силсила намоишҳои китоб оғоз шуд. Қариб дар ҳамаи роҳраву ошёнаҳо, шуъбаҳо, толорҳои хониш намоишҳои гуногуни китобу маҷаллаву нашрияҳо баргузор шуданд.

Китобҳо мавзуъоти гуногунро дар бар мегиранд. Иҷтимоъ, иқтисод, сиёсат, илм, фарҳанг, ҷаҳонгардӣ, саноат, нашрияҳои даврӣ, китобҳои нодир ва нусхаҳои қаламӣ ва ғайра.

Якшанбеи низофат дар Китобхонаи миллӣ

Дар ин рӯзи истироҳат кормандони Китобхонаи миллӣ барои ободонии саҳни китобхона ва атрофи он ба кор ҳозир шуданд.
Онҳо атрофро тоза намуданд, зери дарахтонро нарм карданд, бехи гулҳоро аз алафҳои бегона тоза карданд.
Рустаниҳои ҳотаи китобхонаро об доданд, ҷӯйборҳоро аз хасу хасрубаҳо тоза карданд.
Ин ҳафта чорабиниҳои вижа бахшида ба Рӯзи китоб доир мешавад ва табиист, ки барои ширкат дар чунин чорабиниҳо аз дуру наздик меҳмонон меоянд.

Маҳфили “Ҳамешабаҳор” бо китобҳои устод Лоиқ ва ширкати Афзалшоҳ

Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ҳайати эҷодии нашрияи “Пайрав” шуморо ба маҳфили “Ҳамешабаҳор”, ки бахшида ба Рӯзи китоб дар партави китобҳои устод Лоиқ Шералӣ баргузор мегардад, даъват менамояд.

Маҳфилоро: Шоир  Хайрандеш

Базморо: Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев

Макон: Саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Роҳ ба сўи мактаб

31 августи соли равон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», бахшида ба Рӯзи дониш бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии хайриявӣ таҳти унвони «Роҳ ба сўи мактаб» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ба зиёда аз 30 нафар кӯдакони ятим

Страницы