чорабиниҳои фарҳангӣ

Афсарони Вазорати мудофиа дар Китобхонаи миллӣ

Ҳудудан 150 нафар афсарони Вазорати мудофиа, ки сарварони ситодҳои минтақавии ин вазорат ҳастанд, баъди зуҳри рӯзи 19 декабр вориди Китобхонаи миллӣ шуданд ва бо шароити он аз наздик ошно гаштанд.

Баъд аз ҳури рӯзи чоршанбе ҳудудан 150 нафар афсарони ситоди қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии полковник Ҷамшед Саидзода – сардори раёсати

Муаррифии ду китоби энсиклопедӣ дар Китобхонаи миллӣ

Дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии МД «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон» муаррифии китобҳои «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» баргузор гардид.

Дар нишаст зиёда аз 60 нафар мутахассисону донишҷӯён аз Маҷлиси миллии Маҷлиси олии

Ниҳолшинониву ободгариҳо дар Китобхонаи миллӣ имрӯз ҳам идома доштанд

Аз сари субҳ гуруҳе паз кормандони Китобхонаи миллӣ ба корҳои ободгарӣ идома доданд.

Саҳни бинои Китобхона ва ҳотаи онро аз хасрӯбаву сангрезаҳо тоза карданд. Бехи ниҳолҳоро нарм намуданд, ҷӯйборҳоро аз хасрӯбаҳо ва баргҳои хазон тоза карданд.

Ободгарӣ дар Китобхонаи миллӣ муддати ҳудудан як ҳафта пеш сар шуда, ҳамоно идома дорад.

Таҷлили Рӯзи байналмилалии маъюбон дар Китобхонаи миллӣ

Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи ҷаҳонии маъюбон таҷлил шуд. Директори муассиса профессор Абдусалом Мирализода зимни ширкат дар ҳамоиши Шуъбаи хизматрасонии махсус иброз дошт, ки маъюб будан ҳаргиз ба маънои берун аз ҷомеа будан нест. Нуқси ҷисмонии инсон ба ҳеч ваҷҳ наметавонад муҷиби он гардад, ки инсон аз равандҳои ҷомеа берун бошад.
Сарвари Китобхонаи миллӣ дар бахши дигари

Дарахтони нав атрофи Китобхонаи миллиро оро хоҳанд дод

Чанд рӯз аст, ки ниҳолшинонӣ дар ҳотаи Китобхонаи миллӣ дар авҷ аст. Бо истифода аз  ҳавои мусоиди аввали зимистон, ки мавсими ниҳолшинонист, кормандон дар ҷойҳои холӣ ва ба ҷойи дарахтони хушкидаву канори ҷӯйборҳо ниҳолҳои нав мешинонанд.

Имсол назар ба солҳои гузашта ниҳолҳо ба теъдод зиёд шинонда шуданд.
Кормандон аввал майдонро аз сангҳо тоза

Хонанда: Дар Китобхона ба маъюбон ҳам ғамхорӣ мекунанд

Хонандагони Китобхонаи миллӣ бар ин назаранд, ки ҳар қадар меоянду мераванд, чизҳоеро дар ин боргоҳи маърифат кашф мекунанд, ки барояшон хеле ҷолиб аст. Аз ҷумла, устоди Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе Хуршед Казаков дар суҳбат иброз дошт, ки мавҷудияти шуъбаи махсус барои афроди дорои имкониятҳои маҳдуд баёнгари он нукта аст, ки роҳбарияти Китобхона ғамхорӣ дар ҳақи маъюбонро дар увлавият

Страницы