Ҳудуди чиҳил китоб рафҳои намоиши китоб бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро оро доданд. Ин намоиш охири ҳафтаи гузашта бо ибтикори Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллӣ ифтитоҳ шуд.
Хонандагон имкон доранд дар ин намоиши китоб бо асарҳо чун Д. Ш. Сангинов “Туризм в республике Таждикистан”, М. Шарифбадалов “Пенджикент – город туризма”, Т.К. Сергеева “Экономический туризм”, М. Горбылева “Экономика туризма”,
Адиби маъруф Бароталӣ Абдураҳмон дар поёни як маҳфили диданиву шуниданӣ як нусха маҷаллаи “Современник”, ки соли 1900 ба табъ расидааст ва як китоби адабиёти асрҳои 19- ро ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд.
Баъд аз зуҳри дирӯз, 18-уми январ бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар
Бештар аз сад нафар хонандагони мактаби “Нури ирфон”-и шаҳри Ҳисор нимаи аввали рӯзи гузашта ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва бо шароити он, толорҳои хониш, низоми хизматрасонӣ ба муштариён ва ғайра ошно шуданд.
Кормандони Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ онҳоро раҳнамоӣ карданд ва бо роҳандозии суҳбатҳои муфассал меҳмонони
Соли 2017 аз толорҳои хониш ва намоишгоҳҳои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» 20229 нафар меҳмонон дидан намуданд, ки аз ин 1262 нафараш меҳмони хориҷӣ буданд.
Дар Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Самтҳои асосӣ ва рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
16 нафар аз таҷрибаомӯзони Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи барномаи дарсии худ вориди Китобхонаи миллӣ шуданд ва бо шароити он аз наздик ошно гаштанд.
Омӯзгорон аз ҳар ноҳияи кишвар буданд ва баъзеи онҳо бори аввал аз Китобхонаи миллӣ дидан мекарданд. Онҳо мегуфтанд, қаблан аз нақлҳо шунидаву дар мақолаҳо дар бораи ин
Соли 2017-ум 28 ҳазору 273 нусха адабиёт ба маблағи умумии 540821,13 сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид ва мавриди коркард қарор гирифтааст. Ба захираи умумии Китобхона 25 ҳазору 071 нусха ба маблағи умумии 428111,98 сомонӣ ворид карда шуд.
Дар ин бора субҳи имрӯз дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Китобхонаи миллӣ дар соли 2017 сухан рафт.