Нишасти фарҳангии дирӯз, ки бо ибтикори Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов дар сухани ифтитоҳии худ ҳозиронро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ муборакбод кард ва иброз дош, ки артиш ин рукни асосии
Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангом ва бармаҳали мутахассиси пешбари шуъбаи феҳристнигорӣ
МАҶИДОВА ГУЛЧЕҲРА АЗИЗОВНА
андуҳгин буда, барояш аз даргоҳи Худованди Маннон Фирдавси барин ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳон аст.
Роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба сардори Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ Фотима Яъқубова ҷиҳати даргузашти бармаҳал ва нобаҳангоми бародараш
ҲОҶӢ МУҲАММАДРАУФ
изҳори ҳамдардӣ мекунанд.
Маркази касбомӯзии “Дастони моҳир” шурӯъ аз аввали моҳи январи соли равон фаъолияти хешро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз намуд. Ин Марказ омӯзиши ҳунарҳои мардумиро барои навомӯзон ҳадаф қарор додааст. Абдусалом Мирализода-Директори Китобхонаи миллӣ гуфт, ки Марказ ҷавобан ба ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, таъсис шуд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода Сафири Фавқулодда ва Мухтори Куриёи Ҷанубӣ Ли Вучёлро ба ҳузур пазируфт.
Директори Китобхонаи миллӣ меҳмони олиқадрро бо таърихи бунёди Китобхонаи миллӣ, шароити он, толорҳои хониш, бойгонӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ғайра ошно намуд.
Чунин аст хулосаи суҳбати кутоҳи мо бо Муқаддас Тешаева – Сардори Шуъбаи коркарди адабиёти Китобхонаи миллӣ.
- Каме оид ба таърихи фаъолияти шуъбаи такмили адабиёт маълумот медодед. Яъне шуъбаи мазкур дар кадом самтҳо фаъолият мебарад?
- Шуъбаи такмили адабиёт таърихи беш аз 80-сола