Боздиди беш аз сад нафар хонандагони мактаби “Нури ирфон” аз Китобхонаи миллӣ

Бештар аз сад нафар хонандагони мактаби “Нури ирфон”-и шаҳри Ҳисор нимаи аввали рӯзи гузашта ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва бо шароити он, толорҳои хониш, низоми хизматрасонӣ ба муштариён ва ғайра ошно шуданд.

Кормандони Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ онҳоро раҳнамоӣ карданд ва бо роҳандозии суҳбатҳои муфассал меҳмонони ҷавонро бо Китобхона, таърихи бунёд, бойгонии он, толорҳои хониш, бахши нигаҳдории дастхатҳои қадима ва ғайра ошно намуданд.

Меҳмонони ҷавон хеле кунҷковона суол мекарданд ва ба ҳар пурсиши худ посухи дақиқ мехостанд.

Ин хонандагон ба масофа дур аз Китобхонаи миллианд, вале мегуфтанд, ки ба муҷарради даст ёфтан ба фурсати муносибу мувофиқ ҷиҳати мутолиаи адабиёти зарурӣ хоҳанд омад.

Маврид ба ёдоварист, ки ҳамарӯза гуруҳҳои зиёде ба Китобхона меоянд ва як бахши фаъолияти шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ сайру сайёҳати ин афрод аст.

Маъмулан дар поёни сайёҳат иддае аз ин меҳмонон узви Китобхонаи миллӣ мешаванд ва бо корти вуруди ҳамешагӣ аз ин кохи маърифат хориҷ мегарданд.  

Сайёра Каримова