чорабиниҳои фарҳангӣ

Об барои рушди устувор

Дар толори хониши кӯдакону наврасон чорабиние баргузор шуд, ки  ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028”  бахшида шуда буд.

Тоҷикистон ташаббускори чандин барномаҳои байналмилалӣ оид ба об аст. Тавре Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода дар сухани муқаддамотии худ зикр кард,  об  сарчашмаи асосии тамоми мавҷудоти зиндаи рўи олам

Мулоқоти бонувон бо номи «Татбиқи сиёсати зан ва оила дар шаҳри Душанбе»

«Татбиқи сиёсати зан ва оила дар шаҳри Душанбе»
Дирӯз дар толори «Ошёни булбулон»-и Китобхонаи миллӣ мулоқоти Шўрои занони Китобхона мулоқоти Раёсати кор ба зан ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  таҳти унвони «Татбиқи сиёсати зан ва оила дар шаҳри Душанбе» доир гардид. Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова дар суханони муқаддамотии худ дар бораи сиёсати

Ҷаласаи навбатии Шӯрои бонувон дар Китобхонаи миллӣ

Ҷаласаи Шӯрои бонувони Китобхонаи миллӣ, ки рӯзи  8-уми июли соли равон баргузор шуд, аслан масъалаи риояи Қонун “Дар бораи танзими расму анъана ва маросимҳо дар Ҷумҳури Тоҷикистон”-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Бар сари болини мӯҳтоҷон нигар

Хайру саховат ба маъюбону бенавоён ва ятимон кайҳост дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Чанде қабл дар арафаи Иди сайиди Фитр маъмурияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, иттифоқи касаба ва  Шурои занони Китобхонаи миллӣ ба Муассисаи давлатии хонаи кӯдакони № 1-и махсусгардонидашудаи

Ободонии рӯзҳои охири Китобхонаи миллӣ дар аксҳо

Рӯзҳои истироҳати гузашта низ барои кормандони Китобхонаи миллӣ рӯзҳои ободонию низофат буд. Рӯзҳои гарми тобистон вижагиҳои худро доранд. Беназорат мондани гулҳо дар гармои шадид муҷиби он мешавад, ки гулҳо аз беобӣ пажмурда шаванд. Ва сабаби назорати ҳамешагӣ низ ҳамин аст. Танҳо як боғбон наметавонад ҳотаи саропо гулафшону сабзро пурра нигоҳубин кунад. Аз ин рӯ кормандон худро муаззаф медонанд, ки ҳамеша дар нигоҳубини гулистони бунёдкардаи

Ҳадяи Рамазонии Китобхона ба камбизоатон ва маъюбон

Нимаи якуми рўзи 24-уми июн дар арафаи Иди мубораки Рамазон маъмурияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, иттифоќи касаба ва  Шурои занони Китобхонаи миллӣ ба Муассисаи давлатии хонаи кӯдакони № 1-и махсусгардонидашудаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 2 адад тахтаи синф бо таҷҳизоташ ва китобҳои рангаи бачагона хадя  намуд.

Страницы