Як ҳайат аз Китобхонаи миллӣ бо сарварии Ҷонишиши Директори Китобхона Салима Раҷабова аз субҳи имрӯз ба аёдати фотеҳони Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтанд ва аз номи роҳбарият ва кормандон онҳоро ба Рӯзи Ғалаба табрик карданд.
Отақул Бӯстонов имсол ба синни мубораки 105 даромад. Аз ҷумлаи касонест, ки дар остонаи сисолагӣ ба
Аз субҳ боз рӯзи ободонӣ буд. Ин силсиларӯзҳои ободонии баҳорӣ дар Китобхонаи миллӣ идома доранд.
Имрӯз ҳам кормандони Китобхонаи миллӣ чун анъанаи дерин атрофи бино ва заминҳои пушти онро тоза карданд. Бехи ниҳолҳоро нарм намуданд, ҷӯйборҳоро тоза карданд, то об бидуни монеъа вориди сабзазори ҳотаи Китобхона шавад.
Дар воқеъ агар аз ҷӯйборҳо ҳамеша хабар нагиранд бар асари бодҳои парешон хасу хасрӯбаҳо ба равиши об монеъ эҷод мекунанд. Ин аст, ки ҳар рӯзи ободонӣ
Субҳи имрӯз, 26-уми март бо ташаббуси шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – таълимӣ таҳти унвони «Маърифат чароғи саодат аст» баргузор гардид.
Дар семинар роҳбарони муассисаи таҳсилоти умумии назди Донишгоҳи тоҷикӣ – славянӣ, хонандагони мактаб ва кормандони КМТ ширкат варзиданд.
Наздик ба 40 нусха китоби гуногунмавзуъ рафҳои намоиши китоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифро дар Китобхонаи миллӣ оро доданд.
Ин намоиши китоб бо ташаббуси Шуъбаи чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ дар ошёнаи дуюми бино ташкил шуд.
Хонандагон имкон доранд бо истифода аз фурсат бо китобҳо, ки баъзе тозанашр ва идае солҳои пеш
“Ростӣ ману Зулфия дугонаҳои даврони кӯдакӣ ҳастем. Мо ҳарду дар як ҷо калон шудем. Агар ман дар бораи ин шахси наҷиб соатҳо ҳарф занам, ҳам кам аст. Зулфия як зани заҳматдидаву азобкашида аст. Зеро тамоми зиндагии ин адиб худ зиндагӣ аст. Маҳз натиҷаи ҳамаи заҳамоти пайвастааш буд, ки ӯ ба ин мартабаҳо ноил гардид”.
Баъд аз зуҳри дирӯз, 20-уми апрел дар толори
Аз субҳи имрӯз кор барои ободонии атрофи Китобхонаи миллӣ ҷараён гирифт.
Гуруҳе аз кормандон барои побели заминҳо ва тоза кардани он аз ҳар гуна гиёҳҳо, хасу хошок ва сангрезаҳо вориди майдон шуданд.
Ҳадаф аз ин талошҳо бо ободонӣ ба ҳусни Китобхона ҳусн бахшидан аст.
Сабзазори паси бинои пурҳашамати Китобхона макони тозаву дилкушоест, ки дар сурати пурра ба сабзазори хуррам табдил шудан ҳусни маконро