чорабиниҳои фарҳангӣ

“Саодати ҷавонӣ дар китоб аст!”

Шиорест, ки ҳамакнун ба даъват табдил шудааст. Зиёда аз 300 нафар мубаллиғони созмони ҷавонони Созандагони Ватан ва кормандони Китобхонаи миллӣ  рӯзи панҷшанбе, 25-уми май ба чор гуруҳ тақсим шуданд ва бо шиори Саодати ҷавонӣ дар китоб аст даст ба даъвати сокинону меҳмонони пойтахт ба Китобхона заданд.
Гуруҳи аввал корро аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон оғоз кард ва то ба Донишгоҳи

Конфронси муштараки Китобхонаи миллӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Конфронси муштараки илмӣ-амалии “Нақши асарҳои илмӣ-оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди афкори ҷавонон” дар толори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ баргузор гардид.
Дар суханони муқаддамотии худ Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода  мухтасар дар бораи ҳадафи ин нишаст ва зарурати омӯзиши асарҳои Пешвои миллат ҷиҳати рушди маънавии ҷавонон ҳарф

Ҳамоиши интернатсионалистӣ бахшида ба Соли ҷавонон дар Китобхонаи миллӣ

Чорабиние, ки таҳти унвони “Нақши интернатсионализм дар руҳияи ҷавонон” баъд аз зуҳри имрӯз дар Китобхонаи милли баргузор шуд, ба Соли ҷавонон бахшида шуд.
Чорабинӣ аз ҷониби Ҷамъияти осетинҳои Тоҷикистон, Иттиҳодияи интернатсионалистони собиқадори Тоҷикистон ва Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ созмон ёфт.
Салима Раҷабова, муовини Директори Китобонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ ба нақши ҷавонон

Гулҳои шукуфони Китобхонаи миллӣ

Чун нишон аз заҳамоти ободониҳои рӯзҳои баҳорӣ гулҳо дар ҳотаву атрофи бинои Китобхонаи миллӣ басо зебову дилнишин шукуфтанд.
Ба манзараи зебои табиати сабз гулҳои шукуфон зебогии дигар бахшиданд.
Субҳи рӯзи якшанбе, чун анъанаи рӯзҳои исроҳатии пеш зумрае аз кормандони Китобхона ба коргоҳи худ ҳозир шуданд ва ба нарм кардани бехи гулҳову обёрии онҳо шуруъ намуданд.
Онҳо бори дигар ҷӯйдорҳоро аз хасрубаҳо тоза

Маърифати оиладорӣ калиди хушбахтӣ

Бо ҳамин ном баъди зуҳри имрӯз дар Китобхонаи миллӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд.
Салима Раҷабова, Муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар расми ифтитоҳи чорабинӣ дар бораи оила ва оиладорӣ миёни тоҷикон ҳарф зад. Вай аз ҷумла гуфт, ки созгорӣ асоси устуворӣ дар оила аст. Муовини Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин иброз дошт, ки дар Тоҷикистон барномаҳои зиёде барои бақои оила ва беҳбуди шароити занону модарон рӯйи даст гирифта шудааст.

Ободонии рӯзи якшанбе: Гирду навоҳи Китобхонаи миллӣ боз ҳам назаррабо мешавад

Субҳи рӯзи якшанбе чун анъанаи рӯзҳои пеш дар Китобхонаи миллӣ рӯзи ободонӣ буд. Аз сари субҳ гуруҳе ба нармкунии заминҳои атроф, бехи дарахтону гулҳои рангоранд камар бастанд.
Дар ин рӯз талош карданд бештар алафзорро аз ифлосиҳо тоза кунанд, алафҳои бегонаро аз миёни гулҳои тозаруст пайдо ва бичинанд.
Ба шарофати роҳандозии чунин рӯзҳои низофату покӣ атрофи Китобхонаи миллӣ боз ҳам назарабову дилкаш мешавад.

Страницы