Гулҳои шукуфони Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-05-15 09:10
Чун нишон аз заҳамоти ободониҳои рӯзҳои баҳорӣ гулҳо дар ҳотаву атрофи бинои Китобхонаи миллӣ басо зебову дилнишин шукуфтанд.
Ба манзараи зебои табиати сабз гулҳои шукуфон зебогии дигар бахшиданд.
Субҳи рӯзи якшанбе, чун анъанаи рӯзҳои исроҳатии пеш зумрае аз кормандони Китобхона ба коргоҳи худ ҳозир шуданд ва ба нарм кардани бехи гулҳову обёрии онҳо шуруъ намуданд.
Онҳо бори дигар ҷӯйдорҳоро аз хасрубаҳо тоза карданд, то об бе мамониат ба гулзору буттаҳо ва дарахтон расад, сабзаҳои наврустаро таровати дигар бахшад.
Аксҳое, ки мебинед, ҳамкорамон Фарзонаи Мирзо бардошта ва ҳикоятгари натиҷаи заҳамоти кашидаи кормандони Китобхонаи миллӣ дар рӯзҳои ободонии баҳорист.