Нигаронии профессор Назарзода аз кундии раванди бозомӯзии кадрҳои китобдорӣ дар ИДМ
«Китобхонаҳои миллӣ ва фазои ягонаи иттилоотии ИДМ: талаби замон ва дурнамои рушд».
Чунин буд мавзўи анҷумане, ки рӯзҳои 12-13 апрел дар Китобхонаи давлатии Русия бо иштироки кормандони давлатӣ, фарҳангшиносон, роҳбарон ва мутахассисони пешбари китобхонаҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ ба истиқболи ҷашни 25 солагии таъсиси ИДМ ва Соли маориф дар ИДМ бахшида шуда буд.
Анҷуман аз ҷониби Ассамблеяи китобхонаҳои Авроосиё ташкил шуда буд.
Дар чорчубаи форум 2 мизи мудаввар таҳти унвони: «Фазои китобдорӣ-иттилоотӣ ИДМ: вазъ ва дурнамо» ва «Маърифати китобдорӣ дар давлатҳои ИДМ: вазъ ва мушкилот» доир шуд.
Тоҷикистонро дар ин анҷуман Директори Китобхонаи миллӣ профессор Сайфиддин Назарзода намояндагӣ мекард ва дар мавзуъи “Омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо” суханронӣ намуд.
Вай аз ҷумла гуфт, ки масъалаи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо як масъалаи калидист ва аз мушкилот ҷудо нест. Сайфиддин Назарзода гуфт, ки сифати омодасозии мутахассисон беҳбудӣ мехоҳад. Барномаҳои таълимие, ки тибқи он давраҳои омӯзӣ баргузор мешаванд, ба талаботи замони муосир посухгӯ нестанд. Вале дар ин миён мушкилоти дигаре аз қабили набудани мутахассисон оид ба сохтани барномаҳо ва истифодаи технологияи соҳавии коммуникатсионӣ ва татбиқи онҳо, дарсҳо оид ба сохтани базаи электронӣ ва амнияти иттилоотӣ намерасанд.
Аз назари профессор Назарзода таъминоти мутахассиси ҷавон ва маблағгузории нокифоя, музди кории начандон баланд як мушкили дигари рӯз аст. Мутахассиси ҷавон баъди анҷоми таҳсил ва ҳидоят шуданаш ба ҷойи кор бо ҷойи зист, сабти аснод ва ғайра таъмин карда намешавад. Ин аст, ки бисёре аз онҳо барои кор соҳаҳоеро интихоб мекунанд, ки маоши бештару шароити хубтар доранд.
Директори Китобхонаи миллӣ аз ҳамкориҳои байналмилалии Китобхона ёд кард ва гуфт дар солҳои истиқлолияти давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия зиёда аз 30 созишномаи байнидавлатӣ дар самти илм, маориф ва фарҳанг имзо шудаву татбиқ мегардад. Ҳамчунин миёни давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Шонҳой оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ созишнома ба имзо расидааст, ки як бахши он ба бозомӯзии кормандони соҳаи фарҳанг таъкид мекунад.
Сайфиддин Назарзода ҳамчунин зикр намуд, ки пойгоҳи ҳуқуқии ҳамкориҳои байнидавлатии омӯзишҳои китобхонаӣ вуҷуд дорад. Аммо кумитаҳо ва нақшаҳои дуҷонибаи фаъолиятҳои муштарак оид ба рушди ин самт ва татбиқи созишномаҳо рӯйи коғаз мондаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки камбуди кадрҳо дар ҳамаи самтҳои фаъолияти китобдорӣ эҳсос мешаванд. Ҳамчунин кадрҳо ниёз ба омӯзишҳои муосири техноложӣ ва илм доранд.
Ба унвони иштирокдорони анҷуман Дабири кулли Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои-иштирокчиёни ИДМ А.И. Сергеев, Раиси кумитаи Думаи Давлатии Федератсияи Русия дар умури ИДМ, ҳамгироии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанон Л.Э.Слутский, Директори иҷроияи Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ А.Г.Иксанов табрикнома ирсол намуданд.
Гуфта шуд, ки китобхонаҳо ва робитаҳои байни китобхонавӣ ҳамчун қисмати ҷудонашавандаи ҳамкориҳои гуманитарӣ дар ИДМ аст ва пули матини дўстӣ байни мардумони ин кишварҳо маҳсуб меёбад. Дар баланд бардоштани савияи фарҳанг ва потенсиали ақлии шаҳрвандони мамлакатҳои собиқ шуравӣ нақши бориз доранд.
Дар муддати тўлонии рушди китобдорӣ нахуст дар давраи СССР ва сипас дар ИДМ ҷамъияти мутахассисони баландпоя ба вуҷуд омад. Садоқат ба касби худ ва бетафовуд набудан ба мушкилоти имрўза хусусияти фарқкунандаи ин ҷамъият аст.
Анҷумани «Китобхонаҳои миллӣ ва фазои ягонаи иттилоотии ИДМ: талаби замон ва дурнамои рушд» ин на танҳо гирдиҳамоии иқтисосмандони соҳа аст, балки саҳми муҳим дар толошҳои ИДМ барои таҳкими намудани фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии муносибатҳои оддӣ ва дўстонаи инсонии шаҳрвандони ИДМ мебошад, ки имрўз маънои усулӣ дорад.
Дар мизи мудаввари «Фазои китобдорӣ-иттилооти ИДМ: вазъ ва дурнамо» нақши китобхонаҳо дар ба вуҷуд омадани фазои ягонаи китобдорӣ-иттилоотӣ дар ИДМ пойдории сулҳ ва рушди гуфтугии байни тамаддунҳо таъкид карда шуд. Ҳамчунон зикр гардид, ки китобхонаҳо як ҷузъи дастовардҳои фарҳангии ИДМ мебошанд ва китобу китобхонӣ ба робитаҳои дуҷонибаи судманди фарҳангӣ ва иртиқои маънавии шаҳрвандони ИДМ кумак мерасонад.
Дар чорчӯбаи мизи мудаввари дувум табодули афкор пиромони маърифати тахассусии мутахассисони китобдор ва мушкилоти такмили ихтисосии бардавом ва фосилавӣ сурат гирифт.
Ҳамчунин таҷрибаи хизматрасонии китобхонавӣ ба муштариёни солхӯрда ва нафарони дорои имконияти маҳдуд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иштирокдорон ба аҳамият ва фоидаи баргузории конфронсҳои илмии байналмилалӣ ва барномаҳои маърифатиро дар кишварҳои ИДМ бо кумаки мақомоти иҷроияи ҳукуматӣ оид ба масъалаҳои фарҳанг ва маориф дар ИДМ махсус таъкид намуданд.