Дар Китобхонаи миллӣ Паёми Пешвои миллатро шуниданд
Нашр шуд 2019-12-26 12:55
Даҳҳо нафар аз кормандони Китобхонаи миллӣ дар як толор гирди ҳам омаданд ва Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шуниданд. Паёме, ки чун ҳамасола бо шӯру шавқ шунида мешавад, Паёме, ки тарҳрезии барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ аст.
Паёме, ки ба оянда нигаронида шудааст, яъне соли оянда моро чӣ интизор аст. Аз Паём то Паём кадом барномаҳо иҷро шуданд ва чӣ бояд кард сатҳи зиндагии мардум аз сол ба соли дигар беҳтар шавад?
Ин Паём чун ҳамеша саршор аз барномаҳое буд, ки миллатро ба ояндаи неки чашминтизор мекунад. Мо дар тӯли рӯз иқтибосоте хоҳем овард ва матни комили Паёмро ин ҷо хоҳем гузошт.