Имрӯз, 29 январ 50 нафар иштирокчиёни чорабинии лагери ҷумҳуриявии саёҳативу омӯзишии “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат”- -и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои ҳамоиши худ ба Китобхонаи миллӣ омаданд. Кормандони Шуъбаи таблиғ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ онҳоро, ки аксаран аз ноҳияҳо омада буданд, бо Китобхона ва толорҳои хониши он шинос намуданд.
Кормандони шуъба иштирокчиёнро бо шароиту хизматрасониҳои Китобхонаи миллӣ ва толорҳои намоиши китобҳо ошно намуданд. Ба онҳо иттилои зарурӣ дода шуд ва барои ҷалби бештари эшон ба китобхонӣ кӯмак хоҳад кард.
Китобро бонк барои мардум метавон унвон кард. Мутолиаи ҳамешагӣ инсонро дар гирудорҳои зиндагӣ пухта мекунад. Омӯзиши дониш дар ҳама давру замон ҷиддан таблиғ шудааст.
Майли ҷавонон ба китобу китобхона гувоҳи он аст, ки миллат баъди даҳсолаҳои дурӣ аз омӯзиш боз ба китоб бармегардад.