Маърифати оиладорӣ калиди хушбахтӣ
Нашр шуд 2017-05-13 16:31
Бо ҳамин ном баъди зуҳри имрӯз дар Китобхонаи миллӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд.
Салима Раҷабова, Муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар расми ифтитоҳи чорабинӣ дар бораи оила ва оиладорӣ миёни тоҷикон ҳарф зад. Вай аз ҷумла гуфт, ки созгорӣ асоси устуворӣ дар оила аст. Муовини Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин иброз дошт, ки дар Тоҷикистон барномаҳои зиёде барои бақои оила ва беҳбуди шароити занону модарон рӯйи даст гирифта шудааст.
Ба андешаи Салима Раҷабова пойдории оила қабл аз ҳама аз худи сарварони он вобаста аст. Вай ба ширкаткунандагони ин нишаст изҳори миннатдорӣ кард, ки даъватро пазируфтаву омодаанд, то аз таҷриба ва фаъолиятҳои худ қисса кунанд.
Салима Раҷабова баргузории ин гуна ҳамоишро муфид ва ба нафъи ҳамагон қаламдод кард.
Дар ҳамоиш ҳамчунин равоншинос Зарина Кенҷаева дар мавзуъи “Маърифати оиладорӣ” суханронӣ кард.
Зарина Кенҷаева номзади илмҳои педагогӣ, додсент, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳоло ноиби Ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва равобити хориҷии Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон мебошад.
Зарина Кенҷаева бештар дар бораи паҳлуҳои равонии пойдории оила дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ҳарф зад.
Дар ин ҷамъовад ҳамчунин касоне аз ҷумлаи кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок карданд, ки солҳо бо ҳам кор кардаву бо ишқу муҳаббати пок оила барпо кардаанд. Онҳо ҳоло худро аз ҷумлаи хушбахттарин касон медонанд.
Аз ҷумла, Абдуғаюр Саломов зимни суханронӣ иброз дошт, ки аз тақдир хеле розист, ки бо ҳамсари ояндааш дар Китобхона шинос шуд ва ҳоло онҳо худро оила хушбахт медонанд. Абдуғаюр эҳсоси қалбашро дар шеъре, ки бахшида ба ҳамсараш ифода кардааст, дар ҷамъомад қироат кард.
Дар ин нишаст ҳамчунин собиқадорони Китобхона низ иштирок ва чанд тани онҳо суханронӣ ҳам карданд.