чорабиниҳои фарҳангӣ

Рӯзҳои низофати айёми баҳорӣ дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз ҳам яке аз он рӯзҳои омодагӣ
ба вуруди баҳору Наврӯз буд. Аз сари
субҳ ҷумлае аз кормандони Китобхона
даст ба тозакорӣ заданд.
Ободонӣ ба истиқболи баҳору Наврӯз акнун
ҳукми анъанаро гирифт. Ин лаҳзаҳо такрор
ба такрор меоянд. Ободонӣ ва тозагиву низофат.
Чанд расми ҳамкорамон
Хусрави Милод аз маъракаи имрӯзи ободонӣ.

Ба истиқболи Наврӯз: Боз як рӯзи ободонӣ дар Китобхонаи миллӣ

Омодагӣ ба вуруди баҳор ва вуруди Наврӯз. Ҳар субҳ кормандони Китобхонаи миллӣ ба хотири истиқболи хуш аз баҳор ва Наврӯз даст ба ободонии муҳити атроф мезананд. Ва ин субҳ ҳам кор дар ин боргоҳи маърифат аз ҳамин шуруъ гардид.
Гуруҳе дар даст белу каланд вориди заминҳои атроф шуданд ва ба побели баҳорӣ оғоз карданд.
Умуман баҳор бо сабзаву гулаш зебост, бо таровати гулҳои рангоранг ва бӯйи хуши сабзаҳои

Рўзи ободонӣ дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз ҳам чун анъанаҳои моҳҳои пеш гуруҳе аз кормандони Китобхонаи миллӣ ба корҳои тозагиву ободкорӣ дар гирду атрофи бинои Китобхона ҷалб шуданд.
Гузаронидани ин рӯзҳо ҳукми анъана гирифтааст ва ҳар моҳ, баъзан бештар аз он барои ободонии атроф ва дохили бино кормандон ба ҳашар ҷамъ мешаванд.
Субҳи имрӯз ҳам рӯзе аз он рӯзҳо буд. Чанд расм аз чанд лаҳзаи ин ободкориву тозакорӣ.

Дидор бо сарбозону афсарон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ

Мулоқоти хонандагони китобхона бо ҳудудан 50 нафар сарбозону афсарони неруҳои мусаллаҳи кишвар дар Китобхонаи миллӣ хотирмону ҷолиб ба анҷом расид.
Бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон баъди зуҳри имрӯз, 22- уми феврал мулоқоти афсарон ва сарбозон бо ҷавонон бахшида ба рўзи Артиши миллӣ зери унвони «Ҳомиёни Ватан» доир гардид.

Робияи Холмирзо меҳмони маҳфили «Дар суҳбати адиб»

Баъди зуҳри имрӯз, 10-уми феврал бо ҳузури густардаи кормандони Китобхонаи миллӣ, хонандагон ва зумрае аз адибон ва мунаққидони шинохта маҳфили адабии “Дар суҳбати адиб” бо ширкати шоираи хушзавқ Робияи Холмирзо баргузор шуд.
Маҳфил бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд ва ба Соли ҷавонон бахшида шуда буд.  

Страницы