чорабиниҳои фарҳангӣ

Маҳфили «Дар сўҳбати адиб» ба 70 –солагии зодрўзи Аскар Ҳаким

Маҳфили навбатии “Дар суҳбати адиб” бо ҳузури гарми Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким баргузор шуд. Адиби маъруф ин рӯзҳо ҳафтодумин баҳори умрашро ҷашн мегирад.
Маҳфил рӯзи 26-уми октябр дар толори  “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор шуд.

Дониш талабу бузургӣ омўз…

Мулоқоти навбатии кормандони Китобхонаи миллӣ дар доираи барномаи даъват ба китоб ва китобхонӣ бо донишомӯзони Донишгоҳи славиянии Тоҷикистону Русия ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзод баргузор шуд. Дар ин мулоқот кормандони шуъбаҳои маркетин ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқи ва маркази такмили ихтисос ширкат карданд.

Китоб табиби кулли дардҳост

Ҳафтаи ҷорӣ низ чорабинии анъанаии Даъват ба китобхона идома дошт. Як гуруҳ кормандони шуъбаҳои адабиёти хориҷӣ, адабиёти техникӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, матбуоти даврӣ ва маркетинг ва менеҷмент ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи молия ва иқтисодии Тоҷикистон  ва  Колеҷи муҳандисию омўзгории Тоҷикистон, Колеҷи компютерӣ ва техникии Тоҷикистон рафтанд.
Намояндагони Китобхонаи миллии

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст

Аз қадимулайём гузашагонамон чор чизро муқаддас мешу­мориданд: об, оташ, хок ва бод. Ин муқаддасот чун мўъҷизаи бебаҳо ва сарчашмаи ҳаёт бароямон азиз аст.  Аммо дар қатори онҳо  мўъҷизаи дигаре  низ ҳаст ва ба онҳо  монандӣ надорад. Ин мўъҷизаи бебаҳо, ганҷинаи сухан ва хазинаи илму донишу маърифат- китоб аст. Китоб мўъҷизаест, ки шабеҳи офтоби зарфишон бо нурҳои зарҳамаш ба олами дилҳо нуру зиё мебахшад. Китоб бо саҳифаву ҳарфу  сатрҳояш дар назар чанд варақ қоғазӣ оддӣ намояд ҳам вале ин аврақ таронаи

Идомаи даъват ба китобхона дар мактабҳои пойтахт

Ҳайати кормандони Маркази «Тоҷикшиносӣ» ва шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхона ба мактабҳои таҳсилоти умумии № 54, № 44 ва № 62 –и пойтахт рафтанд, то дар доираи барномаи ҷалби хонандагон ба китобу Китобхона бо хонадагони ин мактабҳо суҳбатҳо доир созанд.
Суҳбати аввал бо омӯзгорон ва ханандагони мактаби  таҳсилоти умумии № 54 буд. Дар оғоз бо зумрае аз муаллимон ва сипас дар як синфхона бо

С. Назарзода: «Забон бояд тавоно, гӯё, зоё ва ҷӯё бошад!»

Бо заҳмату кори донишмандони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» дар ду ҷилд ба табъ расид, ки беш аз 87 ҳазор калимаву ибораро дар бар гирифта ва то ҷое ҷамъбасти вожашиносии солҳои охир маҳсуб мешавад. Имрӯзҳо дар ин Институт  таҳияи «Фарҳанги мукаммали  забони тоҷикӣ» дар шаш ҷилд оғоз гардидааст, ки ҷомеътарин фарҳанг дар таърихи фарҳангнигории забони тоҷикӣ буда, беш аз 200 ҳазор

Страницы