«Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» - феҳристи давлатии матбуоти чопӣ буда, мақсади он сари вақт ба хонандагон расонидани иттилоот дар бораи нашри китоб ва матбуоти даврии дар ҷумҳурӣ нашргардида мебошад. «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҷеъ ба нашри китобу маҷалла, рўзнома ва дигар маводи чопие, ки дар ҷумҳурӣ ҳар семоҳа ба табъ мерасад маълумот медиҳад.
Муассисаи давлатии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – хонаи китоби Тоҷикистон (собиқ Палатаи давлатии китоб) то
Маҷмўаи сеюми «Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон» бахшида ба масоили назарӣ, илмӣ, методӣ ва амалии библиографияи давлатӣ ва миллӣ натиҷаи таҳқиқотҳои илмию амалии солҳои охири олимону мутахассисони ҳирфаиро дар саҳафоти хеш инъикос намудааст. Мусанниф кӯшиш ба харҷ додааст, ки мақолоти инъикоснамояндаи самтҳои гуногуни таъриху вазъ ва фаъолияти муосири библиографияи давлатиро, ки аз назари илмӣ арзишманд арзёбӣ мегарданд, интихоб ва дар маҷмўа ҷой диҳад. Маҷмўа ба муҳаққиқону мутахассисон, омӯзгорону донишҷўёни соҳаи библиографияшиносӣ ва эҳтиёҷмандони касбу кори гуногун пешбинӣ мегардад.
Дирӯз, якшанбе кулли толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ серхонанда буданд. Серхонанда шояд на он вожаест, ки асли мақс ади моро ифода кунад. Ин толорҳо ҷойи нишаст надоштанд. Соат даҳи субҳ буду бисёриҳо аз толор ба толори дигар мегаштанд ва ба худ ҷойи нишасту мутолиа мекофтанд. Маъмулан дар остонаи ҳар имтиҳоноти тобистонаву
Фарзона Мирзоева - сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ, ки чанде пештар рисолаи номзади худро дар соҳаи журналистика дар мавзӯъи «Пайдоиш ва ташаккули сарчашмаҳои иттилоотии англисӣ дар Тоҷикистон» дифоъ карда буд, аввали ҳафтаи равон соҳиби Шаҳодатнома шуд ва акнун расман номзади илмҳои филологист. Ҳамкору ҳамкасбамонро ба ин муносибат муборакбод мекунем. Ба ҳамин муносибат як суҳбати кутоҳе ҳам доштем ва нахуст пурсидем, ки рӯ овардани шумо ба илм интихоби кӣ буд: аз худатон ё
25 ноябри соли 2020 дар реҷаи алоқаи видеоӣ дар платформаи ZOOM Ҷаласаи умумии 24-умини аъзои Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё (БАЕ) баргузор гардид. Ҷаласаро директори генералии Китобхонаи давлатии Русия В.В. Дуда ва президенти (БАЕ) А.И. Вислый ифтитоҳ намуданд. Аз номи Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Фонди байнидавлатии ҳамкории башардўстонаи ИДМ
Имрўз дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо ташаббуси Маркази такмили ихтисос ва шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар мавзуи «Масъалаҳои рушди китобу китобдорӣ дар Паёми Пешвои миллат» баргузор гардид, ки онро Муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода ифтитоҳ намуд. Дар ин ҳамоиш ҳамчунин муовинони