чорабиниҳои фарҳангӣ

Осорхонаи Китобхонаи миллӣ. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо

Дар ҷаҳон ҳамасола 18 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо  (International Museum Day) таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз ташкили тамошои ройгон аз осорхонаҳо ба ҳукми анъана даромадааст.  Бо таваҷҷуҳ ба он, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе осорхонаҳву хона-музейҳои зиёде фаъолият мекунанд, Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ дорои осорхонаи гаронбаҳо буда, бо шукуҳу ҷалоли худ яке аз мавзеҳои тамошобоб ва

Гиромидошти устод Садриддин Айнӣ дар Китобхонаи миллӣ

Қабл аз зӯҳри имрӯз бо ташаббуси Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба бахшида ба 142 – солагии Устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони « Солонаи устод Садриддин Айнӣ» доир гардид.

Мизи гирдро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин 

Толорҳои пурхонандаи рӯзи якшанбе

Рӯзҳои истироҳати гузаштаро метавон серхонандатарин рӯзҳои ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ номид. Аксари толорҳои хониш пур аз хонанда буданд. Аксари онҳо донишҷӯёне мебошанд, ки аз шароитҳои мусоиди Китобхона истифода мекунанд ва меоянд, то ба дарсҳои семинарии худ омодагӣ бинад, корҳои курсиву дипломӣ нависанд. 

Ду корманди Китобхонаи миллӣ сазовори унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ” шуданд

Ду ҳамкори ҷавони мо ахиран ба унвони фахрии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд. Абубакр Манонзода ва Зафар Саидов – ду тан аз ҳамкорони фаъол ва ҷавони мо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин унвони пуршараф қадрдонӣ шуданд. Унвон дар ҷаласаи умумӣ бо ҳузури кормандон аз ҷониби Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода тақдим шуд. 

COVID-19: Низоми нави вуруд ба Китобхонаи миллӣ

Аз субҳи имрӯз низоми вуруд ба Китобхонаи миллӣ дигар шуд. Акнун қабл аз вуруд ҳам кормандон ва ҳам хонандагон аз санҷиш мегузаранд ва сипас бо маҳлулҳои кимиёвӣ дастони худро мешӯянд. Ҳадаф пешгирӣ аз вируси короно ва эҳтиёт аз ҳодисаҳои номатлуби гирифторӣ ба ин вирус аст.

 

“Файзи қудс”-и устод Халилилллоҳ Халилӣ дар Китобхонаи миллӣ муаррфиӣ шуд

 Дар Китобхонаи миллӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, коршиносон, рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ рӯнамоии асари арзишманди  адабию таҳқиқии устод Халилуллоҳ Халилӣ ба номи “Файзи қудс”, ки шарҳи аҳволу рӯзгор ва таҳлили ашъори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегирад, баргузор шуд.

Страницы