чорабиниҳои фарҳангӣ

Тақдими китобҳои илмӣ ва бадеӣ дар Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб

 Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб Муассисаи давлатии нашриявии  «Адиб»  ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» 30  нусха китобҳои бадеии тозанашр тақдим намуд.

 Акнун хонандагон метавонанд бо китобҳои М. Тоҷиддинӣ: «Мусоҳиба бо Ҳофиз», С. Аюбӣ 

Хирад - неруи тавоно

​ Чунин ном дошт мизи мудаввар, ки охири ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи милли Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажӯҳишгарон, кормандони китобхона ва хонандагон баргузор гардид. Дар нишаст ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, идораву муасисаҳои дигар иштирок доштанд.

 Мавзӯъи меҳварии мизи мудаввр ифротгароӣ ва

Мизи мудаввари “Сада – башорати Наврӯзи оламафрӯз” дар Китобхонаи миллӣ

Дар Китобхонаи милли Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ мизи мудаввар бахшида ба ҷашни Сада зери унвони “Сада – башорати Наврӯзи оламафрӯз”доир гардид.

 Салима Раҷабова – муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ фарорасии ин ҷашни бостониро ба кулли

Боздиди собиқадорони ҷангу меҳнат аз Китобхонаи миллӣ

 27-январи соли равон собиқадорони ҷангу меҳнат ва иштирокчиёни барқарории сохти конститутсионии Тоҷикистон «Сипарони Ватан»-и ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва бо шароити  ин боргоҳи маърифат аз наздик ошно гаштанд. 

 

Толорҳои пурхонандаи Китобхонаи миллӣ дар охири сол

 Бо фаро расидани мавсими имтҳонҳонот кулли толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ аз хонанда пур шуданд. Ҳар сол ҳол ин аст, баъзан бо вуҷуди мавҷудияти толорҳои зиёд хонандагон ҷой намеёбанд. Шароити фароҳамовардашуда, хизматрасонии хуб хонандагонро бештар аз пештар ба Китобхона меорад. Соли ҷорӣ  31 ҳазору 325 нафар ба узвияти Китобхонаи пазируфта шудаанд, ки назар ба соли гузашта бештар

Беш аз 60 ҳазор хонандагони наврас дар як сол зиёда аз 60 ҳазор китоб дархост ва мутолиа кардаанд

 Соли ҷорӣ толори хониши матбуоти даврӣ аз толорҳои пурхонандаи Китобхонаи миллӣ буд. Ҳудудан 13 ҳазор нафар хонандагон бо ҳузури худ 44 ҳазору 391 бастаи маҷаллаву рӯзномаҳоро дархост ва мутолиа кардаанд.  Дар ин бора профессор Абдусалом Мирализода – Директори Китобхонаи миллӣ дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи Китобхона иттилоъ дод.

Страницы