Калиди дари илму маърифат асосии хираду заковат, фарҳангу маданият ва илму адаби пойдору устувор китоб мебошад. Миллати мо низ аз халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтироми хоса доранд ва бо китобу китобхони шуурнокиву маърифатнокии худро дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардаанд. Пас, бисёр бояд шитоб кард, китобҳои
Зарфи як ҳафтаи охир 583 нафар хонандагони наврас ба толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ҳузар пайдо карданд ва 2 ҳазору 143 китоб дархост намуданд. Аксари онҳое, ки ба ин толор меомаданд, китобҳо бадеӣ дархост мекарданд. Аз адибони классику ва муосир матлаб суроғ доштанд.
Баҳор фасли зебост ва зебогиро дӯст дорад. Тозагиву низофат яке аз вижагиҳои Баҳор аст. Мебояд атроф мисли гулҳову сабзаҳои аввалбаҳорӣ ҳамеша тозаву пок бошад. Рӯзи шанбеи гузашта барои кулли кормандони Китобхонаи миллӣ рӯзи покиву низофат буд. Онҳо атрофи бино ва ҳотаи онро тоза карданд, гулҳои рангоранг шинонданд.
Хонанда дар ҳар ҳолату вазъият ба китоб роҳ меҷӯяд. Новобаста ба он ки дар бораи короновирус дар кишвар ҳар овоза паҳн мекунанд, вале ин садди роҳи он нашудааст, ки китобхон роҳи китобхонаро гум кунад. Ҳатто рӯзҳои Наврӯз Китобхонаи миллӣ пурра фаъол буд ва ба ҷуз рӯзи 21-уми март, дигар ҳама рӯзҳо толорҳои хониши он пур аз
Наврўз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад,
Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.
Имрӯз кормандони Китобхонаи миллӣ ҷашни Наврӯзро таҷлил карданд. Директори Китобхона
Ду ҳамкори ҷавони мо ахиран ба унвони фахрии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд. Шобегим Маликшоева ва Абдуғаюр Саломов – ду тан аз ҳамкорони фаъол ва ҷавони мо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин унвони пуршараф қадрдонӣ шуданд.Унвон дар ҷаласаи умумӣ бо ҳузури кормандон аз ҷониби Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода