чорабиниҳои фарҳангӣ

Барои гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон толори махсус боз шуд

 Ҷиҳати дар сатҳи зарури баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни 

Дар шаш моҳи соли равон аз китобхонаи электронӣ 156 500 нафар истифода бурдааст

Захираи Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки ба суроғаи www.nlt.tj барои ҳамагон дастрас аст, ба 321 660 нусха   баробар шудааст ва шумораи хонандагони маҷозӣ ба маротиб  дар ҳоли афзоиш аст. Дар ин бора зимни натиҷагири аз фаъолияти нимсолаи аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2020 иттилоъ  

Беш аз 17 ҳазор китоби нави воридшуда ба Китобхонаи миллӣ зарфи шаш моҳи сипаришуда

 Ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шашмоҳаи соли ҷорӣ 17396 нусха китоб ворид шудааст, ки аз ин ҳисоб 13 404 нусхаашро Китобхона ба маблағи бештар аз  186340 сомонӣ харидорӣ ва  барои истифодаи хонандагон пешниҳод карда шуд. Ин нуктаро Ҷумахон Файзализода директори Китобхонаи миллӣ 27 июн зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи Муассисаи давлатии Китобхонаи милли.

Академик Файзулло Шарифзода зиёда аз 520 адад китоб ба Китобхонаи миллӣ туҳфа кард

Академик Файзулло Шарифзода аз китобхонаи шахсии худ беш аз 520 ва  173 автореферат ба Китобхонаи миллӣ туҳфа намуд. Бахше аз ин китобҳо навиштаҳои худи устод Шарифзода буда, бахши дигар адабиёти муфиди илмиву бадеӣ мебошанд, ки солҳои гуногун дар бойгонии худ нигоҳ медошт. Дар миёни ин китобҳо асарҳое аз эҷоди олими шинохта: “Методикаи таълими 

Хатлон. Раҳнамои гардишгарон ба ду забон: тоҷикӣ ва англисӣ

 Дар иртибот ба мавзеҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон роҳнамо барои сайёҳон бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ба нашр расидааст, ки ҳамакнун ба Китобхонаи миллӣ расид. Дар роҳнамои мазкур бо тартиби муайян  дар бораи  ба ҳар як шаҳру ноҳия, таърих, мавзеҳои ҷолиби сайёҳӣ, инфрасохтори хизматрасонӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ, вижагиҳои минтақа  маълумоти фишурдае оварда шудааст, ки бешубҳа барои ҳар як сайёҳи дохилу хориҷ ҳазорҳо розро бозгӯ ва сайёҳати онҳрор ҷолибу осон месозад.

Шумораи хонандагони Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 156 ҳазор боло рафтааст

 Дар шашмоҳи соли ҷорӣ аз веб-сомонаи Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон (www.nlt.tj) 156 500 (яксаду панҷоҳу шаш ҳазору панҷсад) нафар истифода бурдааст, ки 40% онҳо ба  моҳҳои май - июн  рост меояд. Тавре Ёқуб Бобохонов масъули шуъбаи автоматикунонии  раванди китобдорӣ-иттилоотии Китобхонаи миллӣ ба мо иттилоъ дод, дар ин давра истифодабарандагони сомона 658 900 нусхаи электронии китобҳоро дастрас ва  27 230 китобро тариқи онлайн мутолиа намудаанд. 

Страницы