чорабиниҳои фарҳангӣ

Шумори хонандагони Китобхонаи миллӣ ба 198 ҳазору 544 нафар расидааст

  Ин рақамҳоро дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти яксолаи Китобхонаи миллӣ, ки то зуҳри имрӯз баргузор шуд, профессор Абдусалом Мирализода-Директори Китобхонаи миллӣ эълон кард. Вай гуфт, ки аз аввали соли ҷорӣ бо ба имрӯз 31 ҳазору 325 нафар ба узвияти Китобхонаи пазируфта шудаанд, ки назар ба соли гузашта бештар аз 10 ҳазор нафар зиёд аст.

Дар Китобхонаи миллӣ Паёми Пешвои миллатро шуниданд

 Даҳҳо нафар аз кормандони Китобхонаи миллӣ дар як толор гирди ҳам омаданд ва Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шуниданд. Паёме, ки чун ҳамасола бо шӯру шавқ шунида мешавад, Паёме, ки тарҳрезии барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ аст.

“Ҷомӣ ва Навоӣ”

 “Ҷомӣ ва Навоӣ” дуюмин китобест, ки дар хабари як рӯзи пеш иттило дода будем. Ин китоб бо се забон: тоҷикӣ, ӯзбкӣ ва русӣ таҳия ва чоп шудааст ва тавре аз номаш пайдост, асосан дар бораи он пойдевори дӯстие ҳикоят мекунад, ки замоне ду фарзанди донишманди ду миллат: Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ хишти нахустин гузошта буданд. Бо гузашти солҳо ин девор мустаҳкам шуд ва ба як қалъаи азим мубаддал гашт.  Зиёд дар ин бора намегӯем, сарсухани Шоислом Шомуҳаммадовро дар тарҷумаи Ҷонибек Қувноқро пурра меорем ва аз Шумо даъват мекунем ин китоби басо шавқоварро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед. Китоб чанде пештар 

Боз як нафар аз кормандони Китобхонаи миллӣ рисолаи илмии худро дифоъ намуд

 Ҳамкорамон Фарзона Мирзоева рӯзи 19-уми декабр рисоли илмии худро бо номи Пайдоиш ва ташаккули сарчаш­маҳои иттилоотии англисӣ дар Тоҷикистон» бо муваффақият ҳимоя кард. Фарзона фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ буда, баъди чанд соли кор дар нашрияҳои гуногун ҳоло дар Китобхонаи миллӣ фаъолият дорад. Доираи таҳқиқи масъалаи мавриди баҳс васеъ буд ва барояш лозим 

Гулчини ашъори Мавлоно Ҷомӣ ба забони ӯзбекӣ, бо сарсухани Шавкат Мирзиёев нашр шуд

 Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ду китоб бо ороиши олӣ бо номҳои “Муҳаббат махзанӣ” ва “Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки ҳарду ахиран дар шаҳри Тошканд бо сифати баланд чоп шудаанд, тақдим намуд. “Муҳаббат махзанӣ” баргузидае аз ашъори шоири маъруфи тоҷик Абдурраҳмони Ҷомӣ мебошад, ки бо ҳуруфи крилӣ ба забони ӯзбекӣ чоп шудааст.

 Китоб бо сарсухани муфассали Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо номи “Мумтоз шеъриятнинг порлоқ юлдузи” (Ситораи духахшони шеъри классикӣ) рӯйи чоп омадааст. Сарвари давлати Ӯзбекистон баъди таҳлили пурмуҳтавои чигунагии осори Мавлоно Ҷомӣ аз он изҳори хушӣ 

“Баҳром Фирӯз ва саҳми ӯ дар рушди санъат ва синамо”

 Дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба 80-солагии нависандаи баномаи тоҷик Баҳром Фирӯз як маҳфили  адабии хотирмоне бо номи “Баҳром Фирӯз ва саҳми ӯ дар рушди санъат ва синамо” доир шуд. Маҳфил бо ҳузури гарми зумрае аз донишмандон, таҳлилгарон, рӯзноманигрон, намояндагони Донишгоҳи милии Тоҷикистон, “Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, Иттифоқи расомони Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони 

Страницы