чорабиниҳои фарҳангӣ

Китобҳои тозавуруд: “Чигуна китоб бихонем?”

​ Дар китоб масоили марбут ба сатҳ, сабк ва равишҳои хондани китоб, ки ба хонанда барои ташаккул додани ҷаҳонбинӣ, такмили фасоҳати сухангўӣ, ғани кардани ҳофиза бо иттилооти тозаи таърихӣ ва ҳаводиси ҷомеаи кунунӣ тавсия дода мешавад, мавриди омўзиш ва тахлил қарор гирифтааст.

 Таваҷҷуҳ асосӣ ба таҳқиқи сатҳхои хондан: ибтидоӣ, иҷмолӣ, тахлилӣ ва талфиқӣ дода, хусусиятҳои фарқкунанда ва муассири онҳоро барои расидан ба ҳадафҳои пешгузоштаи хонанда, баррасӣ менамояд.

Китобҳои тозавуруд: “Тулўи ҳақиқат”

 Миллати сарбаланди тоҷик ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикорот ва сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хамаҷониба омодагӣ мегирад. Хоса бо эълон шудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар кули манотиқу маҳалли Тоҷикистони азиз нерўи созандагиву бунёдкорӣ, эҷоду ҳунар такомул ва инкишоф дорад.

 Рушди маҳаллу деҳот бо инкишоф ва пешрафти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавъам буда, муаррифгари фарҳанг ва 

Китобҳои тозавуруд: “Фарҳанги забони тоҷикӣ ва дурнамои фарҳангнигорӣ дар Тоҷикистон”

​ Маҷмўаи мақолаҳо ва матнҳо ба ифтихори 50 - солагии «Фарҳанги забони тоҷикӣ», ки зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ чоп шудааст. Муҳаррири китоб академик Носирҷон Салимӣ, мураттибон  Сайфиддин Назарзода ва Шамсиддин Муҳаммадӣ

 Маҷмўа мақолаҳоеро фаро мегирад, ки ба таҳлилу баррасии масъалаҳои мақоми «фарҳанги забони тоҷикӣ»дар ҷомеаи фарҳангии тоҷикон, нақши он дар ташаккули фарҳангнигории тоҷикӣ, ҷойгоҳи он дар пешрафти забону адабиёти тоҷик дар робита ба 50- солагии ин асари муҳим ихтисос ёфтааст.

Даҳумин нишасти Абонименти байникитобхонавиии кишварҳои узви ИДМ ба анҷом расид

 Дирӯз дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нишасти 10-уми Ҷаласаи Абонименти байникитобхонавиии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил доир гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони масъул аз кишварҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Узбекистон , Тоҷикистон ҳамчунин, дар реҷаи фосилавӣ кишварҳои Арманистон ва Молдова ширкат намуданд.

Китобҳои тозавуруд: “Истеҳсолоти ҳунармандии Тоҷикистон”

​ Китоби тозанашр, ки ба забони русӣ (“Ремесленное  производство Таджикистана“) нашр шудааст, дар асоси матолиби фавроҳамомадаи мардумшиносӣ, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирдоварӣ шудааст.

 Ин китоб дарбаргирандаи ҳама матолибест, ки мардумшиносони институт ҳангоми экспедитсияҳои мардумшиносӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон  тӯли солҳои  2013-2017   гирд овардаанд ва онро Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон чоп кардааст. 

“Знакомство с Таджикистаном” муаррифӣ шуд

 Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ рӯнамоии китоби “Знакомство с Таджикистаном” баргузор гардид, ки ахиран дар шаҳри Пекин чоп шудааст. Дар сарсухани китоб омада, ки аз соли 1992 Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботҳои дипломатӣ барқарор карданд ва аз он замон то кунун шарикони асосии стратегӣ шудаанд.

Страницы